Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нимзироатгар Абдулло Раҳимбоев, ки падараш оиларо ба даромади тӯппидӯзии зан монда, худ замин иҷора гирифта ба Мирзоҷӯл рафта буд ва Абдулло рӯзона ба мактаби русии маҳаллӣ мехонду шабона қаровулии онро мекард, шиносоӣ пайдо намуданд.

Чун ҷавонон аз рӯи маслиҳат як-як аз ҳар сӯ омада, ба кӯчаи Миршабхона даромаданд, пои мардум аз ин кӯча канда шуда буд. Бо вуҷуди гармии ҳаво усто шогирдонашро ба хона хонд.

— Ҳушёр шавед, гумони ман дуруст мебарояд. Аз
паси ҳамаамон афтодаанд,— гуфт Иваницкий.

— Рост мегӯед, усто, — тасдиқ намуд Ҷӯра, — пеш аз ин тараф омаданам амини маҳалла маро дида: «тӯғрӣ мегардӣ ё қапонда диҳам-мӣ» — гуфта дӯғ зад ва чӣ кардам гӯям, «худӣ нағз медонӣ»— гуфт.

— Сардори мо ҳам чанд рӯз ин тараф ба саломам алек намегирад,— далели дигар овард Аҳмадбек.— Ба сартелеграфист гуфтааст, ки ба ҷои ман одами дигар ёбад. Вай: «ба шумо, сартҳо, аз маҳкамаи давлатии подшоҳӣ кор медиҳанду нонро пеши по зада ба ҷои миннатдорӣ ҷинояткорӣ мекунед. Дум-думи хаёлпарастон мегардед, ки аз осмон ба шумо ситора ваъда мекунанд»,— гуфт.

— Пас, то тавонед, эҳтиёт шавед. То худам хабар надиҳам ва даъват накунам, ба ин ҷо наоед. Ҷамъ шуда ҳам нагардед, — фармуд устод.— Вале ҳоло ки ҷамъ омадаем, биёед гап-гап кунем.

Усто то посе аз шаб гузаштан ба шогирдони худ аз кору корномаҳои нави большевикони рус, аз нокомиҳои қӯшунҳои подшоҳӣ дар ҷанг, аз корпартоӣҳо ва талаботи сиёсии коргарони шаҳрҳои калони саноатӣ нақл намуд ва дар охир хабар дод, ки бино ба суханҳои ногоҳ аз даҳони меҳмонони Рубах баромадамонда, ба қарибӣ аз мардумони Туркистон, Кафкоз ва ғайра сафарбар намудани коргарон ба кори ақибгоҳ фармони подшоҳ эълон мегардад.

— Ба мардикорӣ, азионам, аввал бечорагонро мегиранд,— пешгӯй намуд ӯ.— Зеро чӯби тамоми мусибати ҷанг аз қадим боз ҳамеша ба сари фуқарои камбағал омада мешиканад ва манфиатро аз ин ҳама кулфати бечорагон сарвату сармоядорон мебинанд. Ба қавли шумо, тоҷикон, ҳалворо ҳаким мехӯраду калтакро ятим.
Аз ин талотум бешубҳа шумо дар канор намемонед.

пешина
аз 447
навбатӣ