Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Гуфтӣ, ки ба ҳеҷ кас нагӯяд? Э девона. Хоҳӣ, ки ҳар хабарро тез паҳн кунӣ, ба зан гӯй. Хез рав!

Ҳоло Мирзобаҳодур дар дил мегуфт, ки «фаҷҷии падараш ба писараш гузаштааст». Баъди ба сурат гирифта шудани маросими марҷонгузаронии қози меҳмони дигар низ омадан гирифтанд. Амалдорони полисия, почтаю телеграф, офицерони гарнизони ӯрдаи шаҳр, аз боёни маҳаллӣ соҳиби заводи пахта Муҳаммадраҳимбой, Пӯлодҷонбойбача ва дигарон омаданд. Иваницкий то тамом шудани пластинкаҳо сурат гирифт. Ӯ мехост аз ин тоифа мардуми забонашон дигару дилашон дигари пуртамаллук зудтар бигурезад. Нагузоштанд. Хоҳу нохоҳ нишаст. Нӯшиду ошомид ва посухи пурсишҳоро дод. Гашти рӯз мондаю лакот шуда оҳиста-оҳиста ба хонааш меомад, ки се нафар аз пайравонаш, Раҳимбердӣ, Ҷӯра ва Абдулло аз ҳамгашти кӯчае ба пешвозаш омаданд. Ӯ фаҳмид, ки Ҷӯраи дар изтиробмонда суханони вайро ба рафиқонаш расондаасту онҳо чашм дар роҳаш мегаштанд. Ӯ ҳам шод шуд ва ҳам ғамгин. Шод аз ғамхорию ғамгин аз тақдирашон. Модоме ки ба куҷоҳо рафтани ӯро медонанд, пас ин ҷавононро ҳам ба зери назорат гирифтаанд.

— Азизони ман,— гуфт ӯ оҳиста,— бо сухане гузашта мераведу торик карда якто-якто ба хона меоед, ки гап ҳаст.

Ҷавонон итоаткорона рафтанд. Чунон помаълум карда бо ҳам баланд суханҳо гуфта, ба қафояшон нигоҳе ҳам накарда, ғоиб шуданд, ки Иваницкий аз рамузфаҳмиашон хурсанд шуд. Ӯ аввал бо Ҷӯра Зокиров, ҷавони ҳафтдаҳсолаи хушфаҳм шинос шуда буд, ки дар ҷустуҷӯи сари калобаи зиндагӣ мегашт. Ӯро ба мактаби маҳаллии русӣ дохил кардани шуд, муяссар нагашт. Аввал ба шогирдии як дӯзандаи рус, баъд ба коргарии заводи пахта дохил намуд. Ҷӯра ба тавассути Иваницкий бо шахтёри кони ангишти Сулукта, аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли нӯҳсаду се — Даниэл Деканов, иштироккунандаи революсияи якуми рус, коргари роҳи оҳани стансияи Хуҷанд Румянцев ва дигар сарбозони инқилоб ва Иваницкий дар навбати худ, ба воситаи Ҷӯра бо ҷавонони дигар—фарзанди ҳезумкаш Абдуқодир Раҳимбоев ва косиббача Раҳимбердӣ Эгамбердиев, деҳқонбача Ҳайдар Усмонов, коркунони почтаю телеграф бародаран Аҳмадбек ва Бобобек Мавлонбековҳо, фарзанди нимсавдою

пешина
аз 447
навбатӣ