Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Оббо шаввозе! — хандид қозӣ, лекин зуд дар қиёфааш аломати ранҷиш пайдо шуд.
Дар ҳамин асно писарчае аз ҳавлии дарун тозон баромада назди тирезаи меҳмонхона омада гуфт:
— Дада, пул тед будааст. Аям қатиқ харида сара-шона мешуштаанд.
— Рав-раве, бар падари аят лаънат! — дод зад Қо-зибузург. Дониста ва ё надониста илова намуд: —...ҳое хӯрад, ки хар нахӯрад...

Боре аҳли маҳаллае аз имоми масҷид шикоят карда меоянд. Қозӣ айби ӯро мепурсад. Мегӯянд, ки дар вақ-ти имоматӣ бисёр мечунбад ва бинобар ин ба вай иқ-тидо кардан гуноҳ аст. Лекин имоми дигар оварда на-метавонем, чунки оқсаққол тарафи имомро мегиранд.
— Номи маҳаллаатон чист? — мепурсад қозӣ.
— Дари шикоф, — ҷавоб медиҳад яке.
— Ин тавр бошад, ҷунбидани имом завост. Раведу иқтидо кардан гиред, ки гуноҳе дар он нест, — ҳукм мекунад қозӣ.
Одамон танҳо баъди ба кӯча баромадан ба маънии ҳукми қозӣ рафта, хандоханд карда мераванд.

Нақл мекунанд, ки шабе қозӣ меҳмони саркори за-минҳояш шуда тирамоҳрӯя дар сари харбузазор хоби-дааст. Саҳарӣ ҳаво хунук шуда болопӯши қозӣ сабукӣ мекунад. Ӯ саркорро бедор карда мефармояд, ки ба болояш чизи дигар пӯшад. Лекин бо ин ҳам намешавад ва мепурсад.
— Ҳой саркор, наход ягон чизи ғафстар набошад?
— Таксир, як чиз ҳаст. Нағз гарм мекунаду лекин...
— Лекинатон чист?
— Тӯкум, таксир...
— Э овардан намегирӣ, — мегӯяд қозӣ. — Ҳар чи бошаду гарм кунад. Аммо аз ин хусус даҳон кушой, рӯ-затро мебинӣ.

Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро. Як ҳафта нагузашта, сирри шаби тор ошкор мешавад. Пои саркор-ро ба замин нарасонда ба пеши қозӣ меоваранд.
— Ту, лаънатӣ магар ваъда надода будӣ, ки ба касе нагӯй?
— Таксир, саҳл монда буд, ки кафам, — иқрор меша-вад саркор. — Ба дил ғунҷонда натавониста охир ба модари бачаҳо гуфтаму...

пешина
аз 447
навбатӣ