Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Меҳмонон куртавориҳои атласу шоҳиро таҳ менамуданд. Қозӣ бошад, дар ҳамин дам аз кисаи даруни ҷома марҷони марворидро берун оварду тақозои тақдим ба духтар менамуд, ки Рубах рӯ ба ҷониби Иваницкий овард:
— Евгений Александрович, лаҳзаи аҷибе! Чӣ хуб мебуд агар ҳамин дами тақдиму қабули ҳадяҳои ҷанобонро ба сурат мегирифтед.
Иваницкий аз ин таклиф бағоят шод шуд. «Ман ин суратро чоп карда, ба шогирдонам ҳам медиҳам, ки ба шаҳриён нишон диҳанд, қозии куззоташон ба гардани духтари амалдор чӣ марҷони пурбаҳоеро меандозад».. Вале зоҳиран, аз ин ҳадяи қозӣ оқсаққол бехабар будааст, ки аз рашк ранги рӯяш мепарид. «Бар падари ту фаччи фуҷазо лаънат» — гуфт ӯ дар дил. Ин дам ба ёди ӯ расид, ки рӯзе барои шоҳмотбозӣ бо даъвати падари қозӣ Саидаҳмадхон Қозибузург Асирии ҷавон омада буд. Қозӣ аз вай пай дар пай мот шавад ҳам, боз мебозид ва мефармуд, ки боз биёяд. Зеро омадани шоири ҷавон бароиш як навъ дилхушӣ буд. Шеърҳои навмашқкардаи ӯро мешунид. Боре чун дафъаи дуюм мот шуда буду миёни аз нишастани бисёр қатшударо базӯр росткунон аз ҷой бармехост, ба ёдаш омад, ки имрӯз шеъре аз шоир нашунидааст.
— Тошхӯҷа, имрӯз ту ягон чизи нав хондӣ ё не?
— Нахондам, тақсир, лекин чизи наве ҳам машқ накардаам.
— Ин мутлақ мумкин нест! — овози ғафс дар хонаи майдаи деворҳояш гачу кандакорӣ танинандоз шуд.— Ҳам ду бор мот мекардаию ҳам ягон чиз нахонда мерафтай? Нахонӣ, ба рафтан иҷозат нест. Фарз кардем фаҷ бошад ҳам боке надорад, хон.
Асирӣ гӯё мунтазири ҳамин сухан буд, ки гуфт:
— Лекин айб намефармоед, тақсир. Ба қавли худатон андак бемаза.
— Ҳеҷ қисса не. Ғайри Мирзо, ки,— ӯ Мирзобаҳодурро дар назар дошт, — аз они худист, дар ин ҷо каси дигар нест-ку.
Шоир гуфт:
Аҳмақ он кас, ки зар зи зар наҳӯрад,
В-аз дарахти амал самар наҳӯрад.
Баъди мурдан занаш ба қуввати пул
кӯҳое хӯрад, ки хар нахӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор