Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гуноҳҳоятро ба гарданат чунон боб карда мемонам, ки худат бале мегӯӣ. Вале мо думравони туро донистан мехоҳем».

— Лекин бе тарҷимон омадани онҳо аҷаб.— Рубаҳ писхандзанон аз ҷой бархост.— Охир ин мардуми кунда ҳамин қадар сол ин ҷониб бо мо сару кор дошта бо-шанд ҳам, ғайр аз «ваши исочесту» дигар чизро наме-донанд.

«Худи ту ки нони онҳоро мехӯрӣ, по ба хоки онҳо мегузорӣ, аз забони онҳо чанд калима медонӣ?»— мепур-сид дар дил аз ӯ Иваницкий.

Аз дарвоза ба ҳавлӣ марди хушкитфу бозӯ ва кал-лакалони сурхинаруй — оқсаколи шаҳр Мирзобаҳодур, аз паси ӯ дар тан яктахи банорас марди сиёҳришу ло-ғарандом ва сабзина — козии шаҳр Саидаҳмадхон дохил шуданд. Онҳо як дам дар дами дарвоза истоданд, ки аз он ҷо ду бӯғчаро бардошта марди паканае низ до-хил шуд. Дар ҳамин ҳангом аз дарвоза ҳамроҳи дар-возабон Сиддиқҷаи тилмоҷ низ даромада омад. Амал-дорони маҳаллӣ ӯро ҳамроҳ гирифта то метавонистанд, тез роҳ гашта ба сӯи соҳиби ҳавлӣ меомаданд, ки баръ-акси онҳо вай қадамро гӯё шумурда мемонд.

Меҳмонон ва тарҷимон, ғайри бӯғчабардор ба Ру-бах таъзим намуда салом дода, якдаста вохӯрӣ наму-да, пас даст ба сандуқи дил ниҳода бо тавозӯю тамал-лук истоданд. Бӯғчабардор бо ишораи Мирзобаҳодур бӯғчаро кушод.

— Мо, ғуломони содиқи импиратури аъзам, ками-наҳои камтарини олиҷоҳам ҳадьяи ночизонае барои шу-мо ва нури дида овардаем. Ками мову карами шумо. Аз дилу ҷон илтимос мекунем, ки онҳоро қабул кунед,— гуфт Мирзобаҳодур. Сухани ӯро Сиддиқҷаи тилмоҷ бо шоҳчабандияш тарҷима кард.

— Валя, ҳо Валя,— Рубаҳ фарёд намуд ва аз гиребони ҷомаи алобайрақи зарбофти ба китфаш андохташуда барои наафтоданаш гирифта қоҳ-қоҳ хандид ва ба ишора миннатдорӣ карда, печонда ба банди даст партофт. Овози Рубаҳро шунида аз хона духтари тақрибан шонздаҳсолаи нозукандом, сафедпӯст ва пирӯзачашм, ки дар пой шиппаки нарми хона, дар тан куртаи ҳарири сабзгун дошту кокули ягонаи ғафсро алвонҷ дода, тозон омада ҳар ду лаби домонро бо ангуштони нозук гирифту зону хамонда ба ҳама таъзим кард.

пешина
аз 447
навбатӣ