Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
иштибоҳ доред. Ман натанҳо ҳолдони шумоям, ғами саломатиатонро мехӯрам. Ин ҳунарҳои нохоҳамонаи нақшакашӣ ва ҳатто адвокатӣ ҳам ба кас нони серӣ намедиҳанд. Дар ин кишвари гирифтори ғазаби Худованд касбҳое мебошанд, ки ҳамвора бозорашон касод.
«Бо ин суханҳоят чӣ мехоҳӣ?— дар дил аз ӯ пурсид Иваницкий,— Оё ту, иблис, аз маҳкамаат ягон кор додани нестӣ? Лекин, агар таклиф мекардӣ, ҷон гуфта мерафтаму дар тағи биният истода қудрати Худоро ба ту нишон медомам»...
— Шумо агар қабул мекардед, ба ихтиёри мактаби русии маҳаллӣ мефиристодам. Модом, ки адвокат ҳастед, аз қонуну қоидаҳо хабар доред ва чаро муаллими дарси....
— Ташаккур. Ман миннатдорам,— гуфт Иваницкий ва хомӯш гардида аз дил гузаронд: «Ман аз нимқосаи зери ин косаат ҳам огоҳ шудам. Ту маро ба он ҷо фиристода, аз гапам дармонданиӣ ҳастӣ. Наход далелу исботҳои дар делои ман ҷамъкардаи ту барои бори дигар маро ба ҳабс андохтан ё бадарға кардан кофӣ набошад? Оё ту ресмонро дароз партофта, онҳоеро ҳам ба дом афтониданӣ нестӣ, ки ба назди ман омада мераванд?».
— Ин касбҳоятон шуморо гоҳ ба Сулукта медавонанд ва гоҳ ба Санто. Адвокатӣ ба андешаи ман...
«Акнун иблис талху пичинг мекунад, ки ман ба он ҷоҳо на барои адвокатӣ, балки шӯришгарӣ меравам ва аз ҳамаи ин ту хабардорӣ».
— Шумо дар ҷустуҷӯи кор ва аз паи рӯзгор ба волостҳо мебароеду гумонбарон ҳар чӣ ба шумо нисбат медиҳанд. Яке шуморо бо ангиштканони фитнагари Шӯроб, дигаре бо тоторони шӯрангези Санто ҳамкор мешуморад, ки ҳамаи ин, ба андешаи ман, иштибоҳ аст.
— Волоҷоҳ, дуруст мефармоед, ки ин иштибоҳ асту бас. Синну солам ба ҷое расида, дигар чунин корҳо ба дилам нағунҷида мондааст. Гумонбарон ройгон аз паси гумон нон мехӯранд ва аз ин рӯ, волоҷоҳ, гумонро ҳақиқат намепиндоранд, ки дуруст аст, — Иваницкий ниҳоят ошкоро ҷавоб нагардонданро ба худ раво надид.
— Шояд, — мад кашид Рубаҳ. — Ана, меҳмонҳо ҳам меоянд. Сӯҳбати мо боқӣ, Евгений Александрович.
«Бо ин мехоҳӣ бигӯӣ, ки акнун дар ҷои дигар ду ба ду нишаста, аз як сар ҳамаи коҳҳои кӯҳнаро бод медиҳаму

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор