Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
аз рафтан боздошт. Фармуд, ки сабр кунад ва ҳамроҳи ӯ равад. Дар кӯча ӯро ба гап гирифта ногаҳон пурсид:
— Ту, Женя, большевиконро медонӣ?
Иваницкий дасту по гум ва нафасе тааммул кард.
— Наход Ленин ва пайравони ӯро надонӣ? — пурсид усто.
— Ленинро надидаам. Лекин пайравонашро медонам.
— Масалан киро?
— Оё намеранҷед? Масалан, худатонро.
— Хато накардӣ, Женя, — даст ба китфи шогирд гузошт усто ва овозашро пасттар кард. — Пагоҳ баъди кор дар матбаа мемонӣ. Ману ту як чизро чоп мекунем, вале мутлақо пинҳонӣ. Ба касе дар ин боб даҳон накушой, нобуд мешавем. На ба ҳамкорон ва на ба аҳли хонаводаат чизе намегӯй. То пагоҳ хайр.
Аввалину вопасин бор Евгений дар матбаа варақаи ба корпартоӣ даъваткунандаи большевиконро чоп кард.
Вале нохост чун барф дар тобистон, одамони жандармерия омаданду кофтуков гузарониданд. Аввал силсилае ба рӯи Евгений заданд ва забонхат гирифта ӯро сар доданд.
Пагоҳаш ба кор омада хабардор шуд, ки усторо бурдаанд. Евгенийро гумоштаи хоҷаин ба дарун даромадан ҳам намонд. Аз дар берун ронда, аз қафояш туф ва дашномҳои қабеҳе кард. Баъди хеле уқубати мӯҳтоҷии бекорӣ Евгений аз матбааи дигаре кор ёфт. Вале дере нагузашта ӯро боз пайравони Ленин ёфтанд ва худи ӯ ҳам яктои онҳо шуд. Ӯ варақаҳо чоп мекард. Ба корпартоиҳо ширкат менамуд. Дастигираш карда ба ҳабс андохтанд.
Ба суд доданд. Ба кишвари ҷангалзори бепоён ва зимистонаш қаҳратуну дароз бадарға карданд. Гурехт. Ба даст афтод. Ба зиндон партофтанд, вале аз маслакаш барнагашт. Дастгир намуда, ба Туркистон бадарға карданд. Ӯ ба Тошканд омад. Дар он ҷо ҳамфикрони худро пайдо кард. Таъқиб сар шуд. Ба Хуҷанд омад. Ин соли сенздаҳ буд.
Рубах, ки «шуморо як нафас танҳо мегузорам» гуфта аз паси духтараш ба хона даромад, хокистардоне оварда, рӯи стол ниҳод ва папироси тамокуяш нимсӯхтаро ба он пахшу дудро паст кард ва боз ба изҳори дилсӯзию ғамхорӣ гузашт. Чун дид, ки сомеаш ба ӯ гӯё бепарвоёна гӯш медиҳад, гуфт:
— Ба хаёлам, маъзарат мехоҳам, Евгений Александрович, ба ҳарфҳои ман гӯё чандон эътибор намедиҳед, ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор