Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
назди мизи мудаввар нишонд ва худ ҳам фаҳҳу фух-кунон нишаст. — Дар як маҳалла умр ба сар мебарему ягон бор ҳамсӯҳбат нашудаем.
«Мо ду чашмем,— гуфт дар дил Иваницкий,— ки, ба қавли маҳаллиён, дар миён бинӣ набошад, якдигарро мехӯрем. Сӯҳбати ману ту чӣ гуна мешуда бошад?».
— Биё, гуфтам, ба меҳмонии рӯзи таваллуди духтарам хабар кунам. Чандест, ки бо ҳам во мехӯрем. Шиносем, албатта,— Рубах чашм ба аппарати суратгирӣ дӯхт ва илова намуд: — Хуб кардед, ки инро овардед. Меҳмонон ҷамъ шаванд, як сурат мегирем. Бигузор дар таърих монад. Суратгирҳои шаҳрамон, аз шумо пинҳон нест, аксар қаллобанд ва даъват кардани онҳоро раво надидам.
Ҳамин тавр Рубах беором сухан мегуфт ва савол медоду ҷавобашро нагирифта, ҳарфро боз ба сари саломатии Иваницкий овард:
— Дар воқеъ шумо, Евгений Александрович, шояд дар вақти чопгари матбаа буданатон саломатиро аз даст дода бошед. Ҷанги қалъагии матбаа кори худро мекунад. Шуши одамӣ охир аз чӯян нест. Агар ба маслиҳати ман медаромадед, ягон моҳ дар бемористон хобида худро муолиҷа мекунондед. Пеши дардро гирифтан беҳтар аст. Агар лозим донед, ба андешаи ман ин зарур аст, шуморо ба палатаи яккакат хобонанд.
— Муташаккирам. Фикр карда мебинам, ҷаноб,— гуфт Иваницкий ва аз дил гузаронд:
«Ту бо ин меҳрубонӣ мегӯӣ, ки як замоне дар матбаа кор карданатро ҳам медонам. Ман ҳам медонам, ки делои маро бӯйгирҳоят сол аз сол варам мекунонанд. Акнун мехоҳӣ, ки маро бурда ба палатаи яккакат ҷой кунию ба ҷои духтур ҷосусатро монӣ ва риштаву сӯзанамро фаҳмӣ. Ба назди ман кӣ омада меравад, дониста гирӣ. Вале ҳанӯз, ба андешаам, ту муддаоятро нагуфтаӣ»...
Матбааи майдаи воқеи заминкане дар як кӯчаи канораи Москва ҳоло ба ёди Иваницкий мерасид. Коргарони вай аз тирезаи танҳо як ваҷабаш рӯшноӣ дошта пои раҳгузаронро то ба зону медиданд. Дар корхонае, ки офтоб ба коргарон рӯй нишон намедод, шабу рӯз хуруфчинон, чопгарон ва муқовасозон бо чароғ кор мекарданд.
Боре устои матбаа дар ҳангоми корбаро Евгенийро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор