Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
пайдо шуд. Аз зинаҳо ситоброна қадам монда, поён фуромаду бо сар ба Иваницкий ишораи омадан гиредро кард.
— Тааҷҷуб накунед, ки чаро ба ҷуз ман, соҳиби хона ҳанӯз касе нест, — ӯ дасти нарм, сергӯшт ва арақинро ба оянда дароз кард. — Баъди он ки ба шумо хабар фиристодам, қаромаронро тағйир додем ва меҳмонҳоро ба соати як даъват кардем.
— Ин тавр бошад, волоҷоҳ, ман ҳам рафта...
Иваницкийро Сардори уезд ба давомдиҳии сухан нагузошт:
— Боке надорад, ки андак барвақт омадед. Кани ба шипанг. Сӯҳбат мекунем.
«Ману ту аз чӣ сӯҳбат мекарда бошем? Як соат пеш аз дигарон овардед, ки аз афташ маро аз ҳаллоҷӣ гузаронед» — дар дил бо Рубах ба ҳарф даромад ӯ. Лекин вай бошад, то метавонист худро хушфеълу атвор нишон доданӣ шуда, ҳарфҳои меҳмоннавозона меҷӯст.
— Ҷои аз ҳама салқинтар ҳозир ҳамон шипанг. Аз ҷониби дарёӣ хайрият ба ин тараф андак насим вазида, албатта, нисбатан як навъ салқин мекунад. Хӯш, ки бошад, мебинам, ки шумо гӯё худро як қадар гирондаед. Ё ман хато мекунам? Оё бемор нашуда будед? Хайрият. Дар тобистон худи ҳавои сӯзони ин маҳалҳо ба ману шумо аз дӯзах камтар таъсир намекунад. Дар ин дунё, ки месӯзем, шояд худованд дар он дунё, шумо Евгений Александрович боварӣ доред ё не намедонам, аз азоби кори ҷаҳимаш озод кунад. Аҷибаш дар ин ҷост, ки маҳаллиён бошанд парвое надоранд. Нигоҳ кунед, ҷомаи сип-сиёҳи пахтадор пӯшидааст, — сардори уезд бо ангушти кӯтоҳи ғафс аз байни панҷарадевор ҳарсавори роҳгузарро нишон дод: — Лекин ҳайратангезона балое ба онҳо намезанад. Вале албатта турушу бадбӯйанд.
«Ана ҳамин ба қавли ту турушу бадбӯйенанд, ки ману туро мехӯронанд, мепӯшонанд, бароямон хонаю ҷой ме-созанд. Ана ҳамин шипангро ҳам, ки ба сӯяш аз дарёӣ насим мевазад, боре дида будам, ки онҳо месохтанд» — гуфтани Иваницкий меомаду лекин наметавонист бигӯ-яд. Ҳикмати халқ беҳуда нест, ки мефармояд: Ба ҳар навъе забонатро нигоҳ дор.
— Хӯш бигӯед, ки аҳволатон чи тавр, Евгений Александрович? — пурсид Рубах. — Бе ҷо не? Ба худо шукр. Марҳамат, нишинед. — Мизбон меҳмонро ба курсии бофтаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор