Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
—Хайрият ту будӣ, Ҷӯра, вагарна меафтодаму нон-ёбакамро шикастаю пора мекардам, — ба дастгоҳи лат-тапечи суратгирӣ ишора намуд Иваницкий.
— Ба куҷо меравед?
— Ба он ҷое ки агар бар нагардам, ба хона меравию кӯрпаю болинамро мебарӣ. Ба ҳабсхона. Гуфта намешавад-дия.
— Чӣ мегӯед, усто? Нияти бад накунед. Чаро шуморо ба ҳабсхона мебаранд?
— Маро худи Рубах аҷаб, ки ба меҳмонӣ даъват намудааст. Гӯё ба рӯзи таваллуди духтараш. Фармудааст, ки аппаратҳо ҳам барам. Ба қавли шумо, тоҷикон, эҳтимол дар зери ин коса нимкоса бошад. Магар дар шаҳр суратгири беҳтар ёфта наметавонанд, ки маро мехонанд?
— Ман ба ҷои шумо мебудам, намерафтам, — машварат дод Ҷӯра. — Агар пинҳон шудан даркор бошад, аз ҳамин наздикиҳо ҳозир ҷо меёвам, ки ҷосусашон ҳам кофта ёфта наметавонад.
— Аз дасти онҳо ба куҷо гурехта халос мешавӣ? — Иваницкий овозашро паст намуд. — Ба осмон барой, аз пояту ба замин дарой, аз гӯшат мекашанд. Беҳтараш рав, ки ҳар дуи моро дар як ҷо набинанд.
«Ин не, вай не ӯ маро диданисту тагковӣ карданист. Ин ҳам як навъи истинтоқ аст, — танҳо монда дар роҳ ба худ мегуфт Иваницкий ва худ механдид: — барои дидани истинтоқ кардан магар ба меҳмонии рӯзи таваллуди духтараш даъват намудан лозим аст? Охир ӯ метавонад полисеро ба хонаам фиристаду бурда ҳар чӣ хоҳад, бо ҳар роҳ ҳам бошад, фаҳмида гирад. Хайр чӣ лозим, ки бо чарою чӣ ройгон худро азоб диҳам. Ҳар чӣ бодобод».
Иваницкийро дар дами дарвозаи ҳавлии Рубах пирамардӣ ришу буруташ монандӣ қадаш дарозе пешвоз гирифт. Пурсопурсӣ карда ба ҳавлӣ гузошт. Роҳи байни гулзор ва дарахтон ба шипанги мудавваре мебурд, ки дар панҷараи он духтараке пойҳои луҷро овезон намуда, кокули ғафс ва ягонаи хурморангашро мебофт. Ӯ марди бегонаи ба ҳавлӣ даромадаро дида, рӯй ба тарафе оварда, овоз баровард. Иваницкий аз холӣ будани ҳавлӣ ҳайрон шуд. «Меҳмонон дар чунин ҳавои гарм наход дар хона бошанд? Ё ман хато карда барвақт омадаам?» Ӯ соатро берун оварда дид. Расо дувоздаҳ буд. Дар ин асно дари хона во шуда, дар остонаҳо подполковник Рубах — марди миёнсол ва миёнақади малламӯй, сурхинарӯй

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор