Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
меҳнат ба ӯ медоданд. Содирхон боварӣ ҳосил намуд, ки шоирӣ ҳам, ҳофизӣ ҳам ҳунар будааст.
Хаёл ва хотираи Содирхони ҳофизро садои баланди суми аспҳо ва зангӯлаҳои фойтун парешон намуд. Ӯ ҷомаро пӯшид. Салларо ба сар гузошт. Ба ҷониби иморатҳои манфур назаре наандохта, ба ялангии Чоршанбе расида дар дил хурсанд шуд, ки дар роҳ ягон нафар аз одамони ҳокимро надид. Вале дилаш ғаш буд. «Ҳувайдою Сӯфиоллоёрхони кунам? Бе ҳамин ҳам магар мардум аз ҳарфи гӯру қиёмат, азоби арасоту дӯзах безор нашудаанд? — аз худ мепурсид ҳофиз ва ба худ тасаллӣ медод: ба деҳот, ба шаҳрҳои аз қаламрави ҳоким берун мераваму хондан мегирам. Мирзобаҳодурҳо дум-думи ман дар ҳама ҷо соя барин намегаштагистанд охир...».
Дар ин асно русеро, ки ба сӯяш меомад, аз дур дид.
«Шояд ин ҳам аз одамони ҳоким бошад» — дар дил гуфт ӯ ба худ. Вале зуд ин андеша аз сараш берун гашт.
Вай суратгир Иваницкийро мешинохт. Аз пеши дӯконча ва ҳавлии ӯ бисёр даргузар мешуд ва шояд вай ҳам кӣ будани ӯро донад, ки даст ба сандуқи дил ниҳода салом медод. Ҳоло ҳам ӯ даст алифлом ва комати мавзунашро андак ҳам намуда таъзиме кард. Содирхони аз ҳар сӯй ҳавотир ва ошуфта танбӯрро ҳам ба сандуқи дил оварда, таъзим намуд ва ҷавоби салом дода мегузашту ин дам ба ёдаш расид, ки соли гузашта гӯё дар ҳамин мавсим дар ҳамин ҷо онҳо ба ҳам рӯ ба рӯ омада, салому алек карда буданд.
Бале, он вақт вай, Иваницкий ба назди сардори уезд мерафт. На ба маҳкама, балки ба ҳавлиаш. Ӯ раҳ то раҳ фикр менамуд, ки сардори уезд ба рӯзи таваллуди духтараш чаро ӯро хабар мекунад? Охир ошной он сӯ истод, ӯ ба вай ҳатто шиносию наздикӣ ҳам надошт. Бори чандӯм бошад, коғазеро аз соаткисаи сари сина берун оварда кушода хонд: «Ба меҳмонии рӯзи таваллуди духтарамон, ки рӯзи якшанбе, соати дувоздаҳи рӯз баргузор мегардад, хоҳишмандам марҳамат фармоед. Агар лутфан дастгоҳи суратгириро низ бо худ оваред моро мамнун мегардонед»...
Иваницкий машғули хатхонӣ шуда, дар кӯчаи ноҳамвори назди маҳкамаи пристав пешпо хӯрда, сандалак рафта, қариб буд, ки рӯйнокӣ афтод. Вале касе аз бағалаш бигирифт. Нигариста, ҷавони гандумгун ва чашмонаш сиёҳу сӯзонро дида табассум кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо