Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Кошиф рафт. Содир чун бегоҳӣ дар сари дастархон аз мулоқоти худ бо ӯ ба амакаш нақл намуд, вай аз ҳад зиёд хурсанд шуд.
— Пешониат, аз ин мебарояд, ки кушода шуда рафт,— башорат дод ӯ.— Магар ба ту чанд бор нагуфтам, ки ба ягон ашулавӣ шогирд шуданат даркор?
Оре, Амак мегуфт. Ҳар гоҳ, ки сурудҳои замзамаи зери лаби ӯро шунида мемонд, мегуфт, ки аз ту на бофанда мебарояду на дӯзанда. Аммо сарнақшчии лола мебарояд. Инро Содир ҳазлу мазох мепиндошт. Лекин ҳоло амак бо ҷиддияти том сухан мегуфт. Танбӯрии хунарманд, шоири ширинкаломии Қошифро таъриф намуда таъкид мекард, ки агар вай ба гапаш истода, ба шогирдӣ қабул кунад, бахти Содир лаб мезанад. Аз миён ду рӯз гузашт ва амак ҳанӯз фурсати ба назди Қошиф бурдани Содир пайдо накарда, бегоҳон дари кӯча кӯфта шуд. Ӯ баромада як одами миёнсоли ношиносро дид. Вай гуфт, ки фиристодаи Қошиф аст. Шоир Содир ва амаки ӯро ба хонаи худ ба меҳмонӣ мехонанд. Амак либосҳои идпӯш дарбар намуда ҳамроҳи расули Қошиф ба ҳавлии вай рафт.
— Чӣ хуб шуд, ки шуморо ёфта омадаанд? — ба истиқболи Содир ва амаки ӯ Қошиф аз суфаи саҳни ҳавлии меҳмонхона тохта фуромад. Вай дар бар куртаю поҷомаи васеъ ва дарози суф, дар сар кулоҳи арақчин дошту бас.— Марҳамат карда аз боло гузаред,— гуфт ӯ ба амак ва рӯ ба Содир овард, — ту, ки ҳоло ҷавонӣ, мана аз ин поён менишинӣ. Омин, оллоҳу акбар, хуш омадед.
Қошиф амаки Содирхонро бо ду нафар меҳмононаш: яке олими уламо Ҳусайни Роҷеъ, дигаре — сайёди номӣ Шодибой мерган ва Содирро бо як ҷавони лоғарандоми хизматкарда гашта шиносонда гуфт:
— Байте, ки ту дина мехондӣ, аз они ҳамин рафиқи туст. Тошхӯҷа ҳамин аст.
Ана аз ҳамон рӯз сар карда Содирхон шогирди Қошиф шуд ва аз ӯ танбӯрнавозию ҳофизиро омӯхт. Шоир аз Ҷомӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон ғазалҳои таронабобро меёфт. Ба шогирдаш мехононд ва маънидод мекард. Муддате аз миён нагузашта овозаи хушовози Содири ҷавон шуҳрат ёфт. Ӯро ба тӯю маъракаҳо даъват менамуданд. Мешуниданд. Аҳсант мехонданд ва музди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо