Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ба шарти розӣ шудани аммаю амакат, — даст ба китфи Содир ниҳод шоир Кошиф. — Худат гуфтӣ, ки онҳо ба ту меҳрубонанд. Ту ҳам бояд ба онҳо меҳрубон бошӣ. Ба гапашон дарой, наранҷонӣ. Агар ҳамроҳи амакат биёй, боз хубтар мешавад. Акнун ману ту шинос ва ҳолдони якдигар шудему хоҳиши шогирдӣ ба ман дорӣ, биё боз як суруд хон.

Содир аз ҳаё даме дудила шуд. Вале ин тӯл накашид. Ӯ тӯпиро нимта намуда, ба ҷои табакчае ба даст гирифт, ки ҳофизони бесозу навоз онро аз ин сӯй ба он сӯй даҳон ва гоҳо аз он наздику дур карда месуруданд ва гӯё бо ҳамин овозро танинандоз менамуданд.

— Овозатро баланд нею ҳамон тавр, ки мехондӣ замзама кун, писар, — хоҳиш намуд Кошиф ва саллай докаро аз сар гирифта, ба рӯи санге ниҳоду сари каммӯйшудаву дар зери бори салла арак кардааш намоён гардид.

Содир замзамаро шурӯъ намуд:
Сабо аз коматат рамзе бар он гесӯи ҷанбар бар,
Матои косиде дорам, сӯи бозори анбар бар.
Сари зулфи суханро шонаи шамшоди шодӣ деҳ.
Ба домафтода кумрӣ муждаи сарви суманбар бар.

Содир хондаравон дам ба дам номаълумона гӯшаи чашм ба Кошиф меафканду медид, ки ӯ чигуна мувофиқи оҳанг ба ду тараф ҷунбида хушнудии ҷӯш зада барояндаро базӯр нигоҳ медорад. Чун ҳофизи модарзод дувоздаҳ сатри дилнишини ба оҳанг дароварда шударо ба итмом расонд, Кошиф беихтиёр аз ҷой бархосту гуфт:

— Офарин, писарам, офарин! Ба овозату созат офарин бод! Медонӣ ин моли кист?

Содир дар ҷавоб оҷизӣ мекашид. «Офарин» чӣ маънӣ дошта бошад? Магар байт ҳам мол аст?» — аз худ мепурсид ӯ.

— Нағз хондӣ. Ҳам сози хубу ҳам овози хуб, — такрор намуд Кошиф. — Бидон, ки ин ғазали бачаест тақрибан ҳамсинну соли ту. Тошхоҷа, писари як сангбур. Вай аз чакари сангбуррони маҳаллаи Муллоибод, писари Эшонҷораи сангбур. Вай ҳам аз кӯҳи Муғул ҳамроҳи падараш санги осиё бурида метавонад. Ҷавони лаёқатманде. Дидӣ, ин ғазали аввалини ҳамин сол гуфтаи ӯ аллакай моли мардум шудааст! Шоирӣ, яъне байту ғазалгӯӣ ҳам ҳунарест монанди овоз ва ҳофизӣ худодод. Хуш мон, писарҷон. Албатта бо амакат ба ҳавлии мо биё. Ҳар вақт равед, меёбед. Хайр, Содирҷон.

пешина
аз 447
навбатӣ