Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Магар ашӯлачигӣ ҳам ҳунар аст? — пурсид Содир.
— Ҳамин тавр гуфтию мондӣ. Аз ҳунарҳои олиҷаноб! — Мард лаб ба лаб расонду сар ҷунбонд, — ҳамаи ҳунарҳои оламро зеҳн монию ба қавли ту ишқат бошад, ёд мегирӣ. Аммо бе овози худодод кадом кас ҳофизи қабули хосу ом шуда метавонад? Ё кадом устои гулдаст шогирди беовозро хушовоз кунонида метавонад? Ман овозатро шунидам. Ба ман хуш омад. Агар хоҳӣ ба ту танбӯрнавозию ҳофизиро таълим медиҳам.
— Худи шумо ашӯлачию танбӯрӣ ҳастед? — бесаброна пурсид Содир.
— Не. Ман шоирам. Байт мегӯям. Аммо танбӯр ҳам менавозаму суруд ҳам мегӯям. Номи ман Муҳаммадамини Қошиф. Аз маҳаллаи Масҷиди Сурх. Ба амаку аммаат гӯй, ки маро дидӣ. Агар розӣ шаванд, ба хонаи мо биё. Фарзандони ҳамсоли туро дорам. Зиқ намешавӣ. Танбӯрнавозиву ҳофизиро ёд мегирӣ. Боз мегӯям, ки писарҷон, ин пешаи олиҷаноб аст. Номи ту чист? Содир? Ҳамин тавр кун, писарам, Содирҷон. Ба қадру қимати овози худододат ҳам худат расу ҳам хешу ақрабоят расанд. Чунин овозро худованди карим ба ҳар кас намедиҳад. Ба гузари Масҷиди Сурх меравӣ ва ҳавлии Муҳаммадамини Қошиф кадом гуфта мепурсӣ. Ҳар кас бошад, туро бурда нишон медиҳад. Ту мехонӣ? Ин тавр бошад, нуран алонур. Байтёдкуният осон мешавад. Номи маро фаромӯш намекунӣ?
— Не, муллоамак. Аз ёдам намебарорам. Амаки ман одами гапдаро. Не намегӯянд, меравам. Худи фардо равам майлаш?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо