Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
мавзунқомат, сафедпӯст, хумморчашм, абрувон ва ришу буруташ сип-сиёҳи тахминан силсола.
— Ассалому алайкум, писар. Аҷаб овозе доштай! — овози мард кадомеро аз наздикони Содир ба ёд меовард.
— Ваалайкум ассалом. — Содири наврас чолокона аз ҷой бархост. Мардро аз сару либосаш мулло пиндошта, дастҳоро ба сандуқи дил ниҳода андак хам шуда таъ- зим намуд.
Мард ба ӯ даст дароз ва вохӯрӣ карду аз зери пой ҷой барои нишаст меҷуст, ки Содир аз ин пай бурда, миёнбандро во намуд, афшондаву таҳу ғунҷаҳояшро ра- вона, ба рӯи санге кушод ва хоҳиш кард.
— Муллоамак, ана ба ин ҷо шинед.
— Барака ёб. Пири бадавлат шав, писар.— Мард до- мани ҷомаи бепахтаи зирагии хушҷилоро ғундошта рӯи зонуҳо ниҳод ва пойҳоро аз кафши сарипой берунтар ка- шида, ба чашмони сабзгуни наврас нигарист: — Ту писа- ри кӣ ва аз кадом маҳаллай?
— Ман аз маҳаллаи Қӯшбегӣ, Муллоамак, — ҷавоб дод Содир, — Писари Бобошарифи алочабоф, — дар рӯи наврас аломати яъс намудор гашт.— Падарам қазо кар- даанду ман аз он кас ҳафтсола ятим мондаам.
— Хости парвардигор, — дилсӯзона оҳ кашид марду пас аз тааммуле илова намуд: — Бо ҳамин тариқ, аз па- дар хурдакак ятим мондам гӯя. Хайр, модарат...
— Модарам баъди як соли падарам қазо кардаанду ман дар ҳавлии аммаам.
— Хайр аммат ба ту меҳрубону аз паят шуда меис- тад?
— Ҳа. Амакам ҳам одами нағз.
— Амак кист?
— Он кас ҳам бофанда.
— Ту ҳам бофандагиро ёд гирифтӣ?
— Ёд гирифтам. Аммо ба вай ишқам нест, амакмул- ло, — изҳори роз намуд Содир ва худ аз соддагиву зуд дар назди як одами бегона дилро мисли дастархон ку- шуда гузоштан пушаймон шуд, ки шарм намуд ва сурх шуд.
Марди зирак бошад, аз авзои Содир огоҳ шуда ӯро аз хиҷолат берун оварданӣ шуд:
— Аз ин мебарояд, ки ба касби дигар муҳаббат до- рӣ. Оё ту, писар, ҳофизиву навозандагиро дӯст намедо- рӣ? Охир овози форам дорӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо