Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Нағз монанд,— гуфт Ҳофиз ва аз дил гузаронд: «илоҳӣ афту башараи ту ва маҳкамаатро дидагиам ҳамин шавад». Ӯ аз маҳкама баромадан замон оҳе кашид ва ҳис намуд, ки заъфи дилашро берун меандозад. Вале се-чор иморати ғишти пухтагии атрофаш, ки маҳкамаҳои ҳукуматӣ, хонаю боғи ҳоким ва ғайра буданду пеш гӯё ба назараш чун биноҳои навандохти «қисми аврупоии» шаҳр ҳашаматнок менамуданду дилкаш, ҳоло манзараи бадхайбат ва манфур доштанд, ки дилаш аз онҳо мерамид. Ба гумонаш, аз ҳар тирезаи ин биноҳо як нафар аз одамони ҳоким, аз кадомини он Мирзобаходур бо тамасхур ва таҳдид ба ӯ менигаристанд. Ҳофиз аз куҷо медонист, ки аз миён чанд сол мегузарад ва рӯзе мерасад, ки яке аз ин биноҳо матбааи шаҳр мешавад ва дар он наберааш Шарафнисо Муҳаммадҷонова аз хуруфчинӣ то ба зинаи директории ин корхона мебарояд!
Содирхон беихтиёр ба ҷониби ҳавлии худ, сӯи дарё рӯҳ пеш гирифт. Аз як тараф талху пичинг ва пӯписаи ҳокиму аз тарафи дигар, ҳавои вазнин, дам ва гӯё ғӯборолуди маҳкама вайро ба танг оварда буданд. Ӯ мехост аз ҳавои кушод ва софи соҳили Сир нафас гирад ва ба худ ояд. Ҷомаро кашида таҳу қат намуда, ба як сӯ ниҳод. Остинҳоро бар зада дасту рӯйро бо оби форами наҳр шуст ва пок кард. Ба рӯи санге нишаста кашол-кашол нафас гирифт ва худро як навъ сабук эҳсос намуда, сипас ба гирду ҷонибаш назар афканд.
Аз ҷои нишасти ӯ чанд қадам болотар беди солхӯрдаде буд, ки чавкон ва як «куҷолахалтан» он қариб ба об мерасиданд. Парастуе, ки танҳо рӯй-рӯи об парида қути лоямут аз ҳаво ёфта мехӯрд, ба гумон аз парвози дуру дароз хаста шуда, ба як навдаи бед омада нишаст ва бо минқору панҷаҳои пой ба хорумоли худ даромад.
Беди солхӯрда рӯзеро аз айёми наврасиаш ба ёди Ҳофиз овард. Он рӯз ӯ аз лаби дарё даргузар буду аз ҳавои сӯзон ба сояи ин бед, ки он вақт ҳам, ба хаёлаш танаи ғафс ва шохаҳои бисёре дошт, паноҳ оварда буд. Серунӣ зуд хоби ӯро меовард. Ӯ ба нияти гурезондани хоб шояд бошад, ба замзамаи суруде шурӯъ намуд. Магар гӯш ба овози худ ва ҳуш ба маънии суруд медод, ки аз омадани касе то ба сараш бехабар монд. Лекин, зуд чашмаш дар оинаи об ба акси одаме афтод, ки мелаппид. Содир сар ба қафо тофта мардеро дид қадбаланд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо