Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Сониян, ин шеъри ишқист. Он тарафаш оё дар дасти ҷаноби ҳоким бошад?
— Ман ба ин ҷо шуморо барои баҳсу мунозира даъват накардаам.— Рубах бархоставу лекин боз нишаст.
— Ман дигар намегузорам, ки дар уезди ман ҳар кас ҳар чӣ хоҳад бигӯяду мардуми ҷоҳилу авомро ба муқобили давлат бархезонад. Дар дасти ман далелҳои дигар кам нестанд.
— Ин шаҳри ҳалҳала не, мегӯянд, ҷаноб,— аз худ сухан ҳамроҳ кард тарҷимон, ки ба ҳурмати сардор бархоста, даст ба пеш гирифта меистод.— Содирхон, аз ҷоятон хезеду таъзим карда, узр пурсед.
— Ба ҷонам. Ба ҷаноби ҳоким арзи ман ҳамин, ки агар оҳу нолаи ошиқон шикоят пиндошта шавад, дигар намегӯям. Инро чӣ тавр карда гуфтан, Ниёзуко, кори шумо.
— Мо намегӯем, ки шумо дигар нахонед. Ин касби шумо. Аз пушти ҳамин нон мехӯред. Аммо шумо аз Хувайдо, Сӯфӣ Оллоёр ва Ҳоҷа Аҳмади Ясавӣ барин шоирони машҳуру маълуми мардум чаро намехонед? Ҳол он ки аз гуфти одамони обрӯю иззатманд, онҳо инсонро ба риояи расму оин, ахлоқу одаб даъват мекунанд. Оё, ҳофиз, намедонед, ки аз рӯи шариат подшоҳ сояи худованди таоло аст ва ҳамду санои вай ба раият ва алалхусус ба шоиру ҳофизон фарз аст. Давлати Россия, кӯшунҳои мағлубиятнопазири императори тамоми Россия ҳоло се сол аст, ки барои бахту саодати фуқарои аълоҳазрат ба муқобили душманҳои мо ҷасурона меҷанганд. Чаро ба мадади фронт мардумро даъват накунем? Ин тараф-он тарафро ҷустуҷӯ кунед. Чунин ашъор ба забонҳои маҳаллӣ шояд кам ёфт нашаванд.
— Баъд, ин огоҳкунии аввалин аст,— Рубах сиёҳии чашмонашро девонасон чарх занонд.— Рафту ба гуфтаҳои мо амал накунед, муомилаи мо дафъаи оянда ин тавр намешавад. Шуморо ба кабинети ман нею ба ҷои дигар мебаранд. Сониян, ба касе аз ин мулоқоти мо даҳон намекушоед. Қавл медиҳед ё нишаста қавлона менависед? Ин бор ба гапатон ҳам бовар мекунем, ба шумо ҷавоб. То дидан,— ӯ ба соат нигариста, аз паси он ду нафар берун баромад.
— Чӣ мегӯянд? — пурсид Ҳофиз.
— То дидан мегӯянд, ҷаноби ҳоким,— даст дар пеш гуфт тилмоч.

пешина
аз 447
навбатӣ