Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
гумони ин, ки вай ин забонро медонист. Аз рӯи ишораи ҳоким дар стуле рӯ ба рӯяш нишаст.
Ин дам дар кушода шуда Ниёзҷаи тилмоҷ рухсат гирифта даромад ва чиҳо гуфта ба ҳоким таъзим намуда нишаст. Рубах ба ӯ ғурунге карда монду вай тарҷима намуд:
— Ҷаноби ҳоким мефармоянд, ки агарчи ба дидан аввал бинанд ҳам, шуморо хеле боз ғоибона мешиносанд.
— Ба ҷаноби ҳоким арзи ихлоси маро расонеду гӯед, ки дуогӯ ҳастем, — ба панди Ҳоҷӣ Юсуф амал намуд Ҳофиз, ки умеди хайр надошту аз шарр метарсид.
— Раҳмат. Ба Ҳофиз гӯед, инро ҳам медонем, ки овозаи хушовозиашон ба ҳар тараф рафтаасту ин қадар мухлис доштан ба ҳар кас муяссар нест.
— Ман аз таърифи ҷаноби ҳоким сарбаланд. Ба он кас бигӯед, ки ҳар касу ҳар ҳунар будааст. Касбу кори ман ҳамин ғазалхонӣ.
— Инро ҳам медонем, ки на танҳо ба тӯю сур, пешопеши тобут то сари гӯр низ хонда меравед. Ҳаминаш ғалатист, ки дар тӯй ҳам, дар азо ҳам аз шумо шикваву шикоят, ҳасрату надомат мешунидаанд. Аз Ҳофиз пурсед, ки наход тамоми ашъори шоирони ҳам гузаштаю ҳам ҳозираи шумо аз нола иборат бошад. Ба мо маълум аст, ки Ҳофизро баъзеҳо навҳагари халқ меномидаанд.
— Ба ҷаноби ҳоким гӯед, ки ман фақат нола намекунам, худи шумо медонед. — Ҳофиз аз тарҷимон мададгорӣ мехост, — нолаҳоямон ҳам нолаҳои ошиқонаю аз ягон кас, аз ягон чиз, ба ҷуз фироқ, ҳиҷрон, ҳасрат надорем.
— Шумо ба саволҳои волоҷоҳ ҷавоб диҳед. Маро ба байни гап надароред, ки он кас наранҷанд, — огоҳ намуд Ниёзҷа ва коғазеро, ки Рубах ба ӯ дароз кард, гирифта аввал дар дил ва баъд ҳиҷҷа карда хонд.
Фарёд аз ин мусибати бисёру умри кам,
Ҳар як алам нишонаи чандин ҳазор ғам.
— Волоҷоҳ мепурсанд, ки ин қадар мусибати бисёру он қадр аламро ба сари шумо кӣ оварда бошад?
Ҳофиз фурсате тааммул намуд.
— Ин ғазали Ҳилолӣ, — гуфт баъд ӯ. — Кӣ медонад ӯ кай ва дар куҷо умр ба сар мебурду аз кию чӣ менолид?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо