Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ин буду он буд гӯяд, як-ду тилло медиҳаму даҳонашро мебандам. Охир, маро ҳоким нею одамҳояш чеғ мезадагист.
— Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ! — пандомезона гуфт Ҳоҷӣ Юсуф.— Забонро нигоҳ доред, Ҳофиз, сӯҳбатҳои худамон гапи дигар. Ба ҳар ҷо равед, ба ин тараф он тараф нигоҳ карда, шунавандагонатон кист, фаҳмида, ба палавхӯр палавҷу ба пахолхӯр пахол диҳед. Ҳукми ҳоким марги муфоҷот аст.
«Модом, ки худи ҳоким ба наздаш мебарад, ранги кор дигар аст. Ҳоҷӣ беҳуда намегуфтааст, ки забонро нигоҳ доред. Забони сурх сари сабз медиҳад барбод. Оё он ғазалҳоро ман гуфтаам? Тавонад, ба гӯри Хайём рафта оташ занад. Хоки Абӯалӣ Синоро рафта барбод диҳад» худ ба худ раҳ то раҳ мегуфт Ҳофиз.
Бо ҳамин хаёлу бурҳон ба дари маҳкамаи ҳоким омаданро ӯ надониста монд. Хайрият лаънатии одами хоким фақат баъди ба маҳкама наздик шудан ӯро пешандоз кард. Ҳамин тавр бошад ҳам, хеле одамон Ҳофизро дида пинҳонӣ ва бо ишора салом медоданд ва ба якдигар маънидорона менигаристанд. Ҳатто чанде ҳангомачӯён ба чашмошон бовар накарда, аз роҳашон баргашта, Ҳофизро то дами дари ҳоким гуселонданд. Одами ҳоким дар қабулгоҳ ӯро ба котиби шахсии амалдор супурда баромада рафт. Котиб ба танбӯри дар ғилоф будаи ӯ бо шубҳа, назаркунон ба дарун даромада рафту пас аз фурсате баромада, «Шинед. Мунтазир шавед. Волоҷоҳ банд ҳастанд» гуфт.
Волоҷоҳ маҳз барои сиёсат шояд бошад, ҳарчанд дар қабулаш кас набуд, Ҳофизро баъди як соат қабул кард. Ӯ танбӯрро ба остонаи тиреза парӯ хобонда, дар дил «лоҳавл» хонда, бисмилло гӯён аз остона ба дарун қадам ниҳода, чашмаш ба шахсе афтод, ки сараш то ба шифт расида буду гӯё ба китфи Рӯбаҳ меистод. Ҳофиз саломро аз ёд бароварда, чашм аз одами қадбаланд наканда, донист, ки вай сурату дар пушти сари ҳоким овехта шудааст. Сурат ба Ҳофиз тарзе синчакунон назар медӯхт ва лабу рӯяш ба касе мемонд, ки «ҳа, ин ҷо барои чӣ омадӣ?» гӯён мепурсид.
— Салом, Ҳофиз, марҳамат кунеду шинед,— пичинг партофт саркардаи уезд.
— Хуб шудааст, ҷаноб, вааллайкум ассалом. Ҷаноби шумо сиҳат ва саломат? — пурсид Ҳофиз ба ӯзбекӣ ба

пешина
аз 447
навбатӣ