Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар роҳ қариб дар ҳар чанд қадам ӯро боз медоштанд. Яке бо рухсат як зиёрат кунем, гӯён дастони Ҳофизро гирифта каф бар кафаш соида, баъд ба чашмони худ мемолид ва то чанд қадам дур шудан даст алифлом меистод. Дигаре: «ҷаноби Ҳофиз, чӣ мешуд, ки ба ҳавлӣ як сари қадам дароеду як пиёла чой нӯшида равед» гуфта, дасти ӯро сар намедод. Ва сеюме — аз дур бошад ҳам, салом додаву даст дар сина яктарафа-яктарафа мерафт. То наздикиҳои масҷиди Хоҷакамол одами ҳоким чанд қадам аз ӯ дур, гӯё «роҳи ӯ дигару роҳи ман дигар» гуфта, меомад. Лекин чун ба он ҷо расиданд, вай тег кашида нигоҳе кард.

— Ҳофиз, ин қадар бо ҳама салому алек карда вақтро беҳуда нагузаронед, ки волоҷоҳ наранҷанд.

— Хуб шудааст. Аз ин мебарояд, ки чашмашон ба роҳи ман чор,— лабханде намуд Ҳофиз. Ин дам ба ёди ӯ расид, ки рӯзе Ҳоҷӣ Юсуф дар хонааш аввал ӯро хуб Хайём хононд, ҳатто аз ваҷду риққат оби дида ҳам карду дар вақти хайрбод «Ҳофиз, ҳар чи бошад ҳам эҳтиёт шавед. Дуоҳои бади Юсуфхонэшон ва хабарчинҳои оқсақоли пештара бетаъсир намемонад. Ҳокиму пристав номи шуморо шунаванд, дар рӯйҳошон чин пайдо мешавад. Гӯё ки гӯраи ангурро хоидаанд» гуфт.

— Ҳама аз забони ширинат гардаму забонатро хӯрам, гуфта мегарданд. Аз ин мебарояд, ки забони ман ширину номам туруш шудааст-дия...— ширингуфторӣ намуд Содирхон.

— Мегӯянд, ки чаро ин қадар Ҳофизи шумо менолад.

— Нолида чӣ кардаам? Ба ягон амалдораш магар нону ош ёфта деҳ гуфтам?

— Нолидан ба ин маъни не. Аз замон менолад мегӯянд.

— Пас, чӣ хонам шудааст?

— Юсуфхонэшон ҳатто як бор ба забон омада гуфт, ки чаро Содирхон маҷаллан «Оина»-и Беҳбудӣ ва газетаҳои Туркистонро намехонанд, ки дар авсофи императори аъзам, адлу инсоф, лутфу марҳамати беҳадди он кас шеърҳо кам табъ намешаванд.

— Аз мани Ҳофиз хушомадгӯй сохтаӣ ҳастанд гӯед. Ғалатӣ! Беҳуда нагуфтаанд, ки хушомад бар худо гуфтам, хуш омад! — Хандид Ҳофиз ва танбӯрро аз ин даст ба он дасту риши кӯтоҳро ба қабза гирифт.— Танҳо ба пеши қозии равӣ, розӣ оӣ гуфтаанд. Фаразан чеғ зада,

пешина
аз 447
навбатӣ