Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
шӯришгарони Хуҷанд дар назди дари пристав, дар рӯ ба рӯи ӯрда афрӯхта буданд, то Революцияи Октябрь хомӯш нашуда буд. На сарнайзаи полкҳои казакӣ ва на азобу уқубатҳои зиндон онро хомӯш гардонда натавонистанд. Шӯриш ба сари сардори уезд Рубах, саркардаи жандармерия Арчашевский чӣ ғаму ғусса, чӣ тарсу бими на танҳо аз мансаб маҳрум, балки гирифтори балоҳои дигар шуданро наовард! Ҳар дуи онҳоро аввал ба Самарқанд, баъд ба Тошканд бурданд. Махлуқе аз амалдорони вилоят ва губернаторӣ лоақал ба дилашон шуда як бор ба рӯяшон нигариста, як табассуми хушку холӣ ба онҳо намекард. Аз қавоғу димӯғи ҳама барфу борон меборид. Ҳама, беистисно, дӯғу пӯписа мекарданд, таҳдид менамуданд. Баъзеҳо бевосита аз дасти онҳо ва калонпоятарон бошанд, ба восита ришва мегирифтанд. Тамоми оқибандози мансабдорони уезд ба пораю зиёфатдиҳӣ барбод мерафт. Рубах ҳатто соати тиллои худро ба тавалло ба яке доду лутфу марҳамат пурсид. Барои харидани билети бозгашт пул қарз гирифта омад. Онҳо сад қасам ба ҷони сад калонпояи Самарқанду Тошканд ёд карданд, ки тамоми фуқароро мисли маймуни бозигар рому гапдаро кунанд ва осиёну ёғиёнро бераҳмона ҷазо диҳанд.
Рубах аз Тошканд баргашту худи ҳамон рӯз Содирхони Ҳофизро ба кабинет оваронд. Ҳофизни амини маҳалла аз тӯи як ошнояш, ки писарро хонадор мекард, ёфта ба дасти одами ҳоким супурд. Ҳофиз дар тан ҷомаи абрешимиин, дар пой кафшу маҳсии нав, дар сар се печ саллаи симобӣ ва дар миён ду рӯмоли болои ҳам бастаи шоҳӣ дошт. Куртаву поҷомаи суфи сафед ва ҷомаи на онқадар дарози шинам ба ӯ зебида буданд.
— Ман, агар рухсати ҷаноби шумо шавад, танбӯрамро ба хона бурда мемондам,— хоҳиш намуд ӯ аз одами ҳоким.
— Не, зуд рафтан даркор аст, ки волоҷох мунтазири шумоянд.
— Оё ҷаноби ҳоким аз амалдори худамон меҳмонку надоранд? — пурсид Ҳофиз ғӯлона. — Он вақт танбӯрро бо худ бурдан даркор аст.
— Намедонам, ки дар он ҷо муштоқи шунидани машки шумоянд, ё...
— Ё чӣ?
— Намедонам. Қадаматонро чорта кунед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо