Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

«намедонам» гуфта ҷавоб доду ба кафши пошнадухтарашон дар зери лаб ба замзамаи ғазали Ҳофиз даромад:

Сабо ба лутф бигӯ он ғазоли раъноро,
Бигар сар ба кӯҳу биёбон ту додаи моро...

Падарам Революцияи Октябрро ба тавру тарзи худ истиқбол карда буд. Аз хотирам намеравад. Ӯ аз намози ҷумъа бо ҳаяҷон ва саросема гашта омада, салларо ба дасти модарам доду як ҷомаи аз падараш мондаи банорасро, ки ҳафтае як бор пӯшида ба намози ҷумъа мерафт, пуд кашида худ ба мех овехт.

— Ҳуррият шудааст, — гуфт ӯ ба модар. — Хайрият аз Кринискаю пулҳои хазон барин бисёрӯи беқадру қурбаш, аз афти кор, халос мешавем. Як ҷуфт кафшро ба ним линга пул мефурӯшию ба бозор барӣ чакса биринч намедиҳад.

— Боз чӣ хел ҳуррият? — пурсид модар бепарвоёна. — Соли гузашта ҳам ана ҳуррият шуду акнун об ба лаби ҷӯ баробар мегуфтанд. Аммо кулли явмин батар гуфтагӣ барин замона бадтар шуд, ки беҳтар не. Муҳаммадризо чӣ мегӯянд?

— Акнун ҳукумат ба дасти камбағалон мегузараду ҳоло гул-гулаи ғавғои калон дар пеш мегӯяд, — гуфт падарам. — Охир як бор савораҳо пиёдаю пиёдаҳо савора ҳам шаванд-дия. Фашпу фуши вофурӯшону дабдабаи мингбошӣ паст мешудагист охир. То кай ин кафши мурда-мурда ҳафтаи дароз шабу рӯз меҳнат карда дӯхтаи дӯзандаро паҳ зада, арзон хараду ваяи обпулию ӯлпонпулӣ, балопулию батарпулӣ гуфта ёфтаю тофтаи бечораҳоро кашида гирад? Сар кафад, таги тӯппию даст шиканад, даруни остин гуфта, ҳезуми тар барин дуд мекунем.

— Хайр, илоҳӣ охираш ба хайр шавад, — оҳ кашид модар соддаёна. — Кӣ мераваду кӣ мебиёяд, коратон набошад. Аз паи бечорагиамон шавем, ки баногоҳ сало нею бало нашавад.

— Не, аз гуфти мардум омади замона хуб барин. Зоро оҳамон боло шавад...

Падар саросема баромада рафт. Баъд фаҳмидем, ки
ӯ ба маънои гуфтаҳои Муҳаммадризо ҳам он қадар пурра сарфаҳм намерафтаасту аз ғулгулаву ғавғои арафа ва
рӯзҳои аввали ба қавли ӯ «ҳуррият» комилан огоҳ набудааст. Вале дар ин шаҳрчаи канора воқеаҳои аҷибу ғариб рӯй медоданд. Оташе ки чорӯми июли соли шонздахӯм

пешина
аз 447
навбатӣ