Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
бозори Панҷшанбе дӯкончаи майдае дошт ва аз гуфти одамҳо, заргари гулдасте буд. Ҳоҷӣ як сурати майдаи Ленинро, эҳтимол аз журнал бошад, бурида мебиёраду худаш дар назди заргар нишаста ҳамон нишонро месозонд. Агар дар ёдатон бошад, вай дар паси шишаи аз даҳтинӣ майдаи гирдаш ҳалқадор буд.
— Ҳа, аз нуқра буд гирдаш, ки чараққос мезад,— тасдиқ намуд Раҳимбой Раҳматов.
— Бале. Аз нуқра созонда будаасту онро дар айёми идҳои нав меовехтааст ва пеш аз вафоташ мегӯянд, ки ба як муаллиме ки дар мактаби советии дар ҳавлии беруни худи Ҳоҷӣ кушода шуда муаллимӣ мекардааст, тақдим менамояд. Агар он нишон ёфт мешуд, ҳамчун чизи ноёбе мебоист дар музеи таърихӣ-кишваршиносии шаҳрамон гузошта мешуд.
XV
Ҳангоми сайри лоларавӣ, агар падарам аз авзои замон ба куллӣ воқиф мебуд, аввал Ҷӯра Зокиров, Абдулло Раҳимбоев, Ҳайдар Усмонов, Раҳимбердӣ Эгамбердиев, Мавлонбековҳоро ба забон мегирифту баъд Устоҳайдару Ҳоҷӣ Юсуф, Асирию Содирхон, Муҳиддинхон тӯраю дигаронро. Чунки дуюмиҳо орзукунандагони рӯзи беҳ буданду аввалинҳо ҷоннисорону фидоиёни он.
Падарам дар мактаб то Хоҷа Ҳофиз хондааст. Ӯ ғазалҳои бисёреро аз вай медонист ва бехато мехонд. Барои ӯ аз Ҳофиз дида дигар ғазалгӯи соҳирнафс набуд ва ба дунё намеомад. Чунон ки Ҳофиз дар ҳаққи Камол фармудааст, «на аз мутақаддимин ва на аз муттааххирин ғазалро ба ин салосату зарофат касе нагуфтааст».
Вақте ман ба ӯ гуфтам, ки Устоҳайдар ба як девони Хоҷа Камол ду ҷуфт кафши американ дӯхта дод, лабханде карда гуфт:
— Ҳар чӣ бисёр шавад, қадраш кам мешавад. Хоҷа Ҳофизро дар тамоми дунё китобату чоп мекунанд.
Аммо ба шунидам Хоҷа Камол ҳанӯз чоп нашудааст.
Дастнависи камёб ҳамеша қимат аст.
Ман, ки дар дӯкони Устоҳайдар ҳар байти Камолро чандборӣ хонда будам, сухангардонӣ накардаму фақат пурсидам, ки чаро Камолро чоп намекунанду аммо дар ба дару шаҳр ба шаҳр девони вайро ҷуста мегарданд? Ӯ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо