Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Шумо гуфтед, ки дидаю шунидаҳои айёми бачагиитон фаромӯш нашудаанд. Ҳамин тавр? Хуб. Пас бигӯед, Ҳоҷи Юсуфро медонед? — пурсидам аз Раҳматов.
— Чаро надонам? Вақти тароқсозии мо он кас, оволам, мироби шаҳр буд, ки бисёр омада ёрикор медод.
Устои раҳмати он касро иззату ҳурмат мекард.
— Дорготи болои Кушмасчидро ҳам шумо сохта будед?
— Мо будем.
— Оё дар ёдатон ҳаст, ки як рӯз Ҳоҷи Юсуф ба он ҷо омада ба кори шумо зеҳн монда, вақташ хуш шуда номи шуморо пурсид ва ба устоятон гуфт, ки ин шогирдатонро назари ман мегирад?
— Ана ҳамин гапи он кас асло аз ёдам намеравад.
Ҳоло шумо номи ӯро гирифтеду ба нӯги забонам ҳамин сухан омада буд.
— Пас ману шумо шиноси кӯҳнаем, — Раҳматовро дар тааҷҷуб гузоштам. — Ҳамон рӯз дар худи ҳамон ҷо ӯ ба ман гуфт ба падарам рафта гӯям, ки ба мактаби нав фиристад.
— Ин шумо будед?
— Ҳа, ман будам. Ба ҳурмати шиносии дерин биёед дасти шуморо фишорам.
Ману қаҳрамон вохӯрии гарму ҷӯшон кардему ӯ дастамро сар надода рост ба чашмонам нигоҳ карда табассум намуд.
— Агар ман ҳам хушу ёди шуморо санҷам, намеранҷед? — пурсид ӯ.
— Чаро ранҷам? Марҳамат.
— Раҳмати Ҳоҷи Юсуф ҳамон рӯз агар шумо ба мактаби нав рафта хонед, чӣ доданро ваъда карда буд?
— Нишони лениндорро, ки дар сандуқи дил дошт,— билотааммул ҷавоб гуфтам.
— Ҳа, бале. Ман рости гап, ба шумо ғайуриам омада буд. «Чаро ман маъкул шуда бошам, ба ман нею нишонро ба ӯ медиҳад» мегуфтам худ ба худ. Хайр истед, ки он нишонро ӯ ба шумо дод?
— Афсӯс, ки не. Баъди ба мактаби нав даромаданам он касро ду бор дидам. Вале ҳар ду бор ҳам дар сандуқи дилаш он нишон набуд. Ба ҳамин наздикӣ дар натиҷаи пурсу ҷӯй аз наздикон ва хешовандони Ҳоҷи Юсуф фаҳмидам, ки ӯ он нишонро махсус созонда будааст. Усмон заргарро шояд шумо шиносед. Вай дар растаи заргарони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо