Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ленинобод омада кор мекунам. Чанд вақт пеш бохабар шудам, ки сессияи Совети шаҳрӣ масъалаи ободониро медидааст. Баъди ба маҷлисгоҳ даромадани ҳама оҳиста номаълум карда ба қафо рафта шиштам. Аз омадан чунон хурсанд шудам, ки курта-курта гӯшт гирифтам. Ба дафтарчаам баъзе рақамҳоро аз ёдам набарояд гуфта оҳиста навиштан гирифтам. Одам калонсол шавад, ошуфтахотир мешудааст. Дар бачагӣ ҳар чиро дидаю шунида бошам, ёд кардааму оина барин дар пеши назарам. Аммо ҳозир дина шаб чӣ хӯрдӣ гӯяд, хаёл карда мемонам. Дурӯғ нашавад, аз вақти ҷанг як байт ба хотирам мондааст. Як толибаи мактаби Шайхбурҳони худамон, мактаби худамон сохтагӣ, аз ҳавлӣ омада, адрес гирифта, хат фиристода буду маро ба шердилӣ рӯҳбаланд карда, ин ду хатро навишта буд:

Ҳама сар ба сар тан ба мурдан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Чанд бор такрор кардаму ёд шуд. Ҳатто як навъ, агар мурда бошад, ба раҳмати Ваняи шӯткарӣ тарҷима карда будам. Ба вай маъқул шуда, худаш ба русӣ гардонда гуфта мегашт ва дар мобайнҳои ҷанг вайро хонда «Ана ин тавр ҳиқматҳо ҳам ҳаст!» — гӯён ангуштак ва чашмак мезад.
— Ана ин ҳазору сесаду шасту ду адад квартираҳои фонди давлатӣ.— Раҳматов дафтари хотираро кушод, аз ин як саду наваду ҳашт иморати бисӯёрошёна. Ин шӯхӣ не. Ду саду панҷоҳ ҳазор метри мураббаъ манзилҷой. Дар даҳ соли охир аз панҷ ҳазор оила зиёд дар хонаҳои нав бӯръёкӯбон кардаанд. Ҳоло соле ҳаштсад квартира ба аҳолӣ дода мешавад. Ҳамин сол фақат бо роҳи Вазорати хоҷагии коммуналӣ ба иморатсозӣ чор миллион сӯм сарф шудааст.
— Дар куҷо хонда ё шунида будам. Дар ёдам номондааст, ки то инқилоб ҳукумати маҳаллӣ як бутхона, як идораи ҳокиму маҳкамаи приставро созондааст ва пулдорони рус дар ду кӯчаи дарозиаш ягон шаст қадамӣ аз ду тараф барои истиқомат бист-сӣ квартира сохта ба вай шаҳри нав ном додаанд. Мо бошем, қисми он тарафи дарёро, ки ҳоло бист ҳазор аҳолӣ дорад, дар ягон панҷ-даҳ сол сохтему шаҳри нав ҳам намегӯем.
Раҳматов тӯппиашро ба сараш гузошт. Лекин зуд онро ба дасташ гирифт.

пешина
аз 447
навбатӣ