Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

чарангсозада истодан вай даромад. Калимаҳо, ҳарфҳои ҳамафаҳм, сухани ба ҳамаи мардуми ин мамлакати бузург фаҳмо, забони миллион-миллион одамони забонашон дигарро бо ҳам ба гуфтугӯ оварандан рус ба гӯши ӯ расид. Вале ба ҳар ҳол хуши худро ҷамъ карда, Раҳматов бо овози паст пурсид:
— Кист?
— Аз они худӣ.
— Парол?
— Ғалаба, Раҳматов! Азизам. Ин туӣ? Саломатӣ?
Фармондеҳи полк аз бағали ӯ гирифта бархезонд ва дасти ӯро сахт фишурду таконд.
— Ту қаҳрамонӣ. Ҷанги қаҳрамонона кардӣ, азизам! — гуфт ӯ ва Раҳматовро аз афтодан нигоҳ дошт. — Ярадор шудаӣ. Сахт не? Аз поят? Ҳой ин ҷо биё, аз бағали ӯ бигир.
— Ду кас шуданду маро гирифта ба самт бурданд, — захм эҳтимол аз як тир ҳам набушод. Ду-сетоаш рӯи ботинкаву нобаҳои рӯи пойро канда бурдаанд. Маро ба шифохона бурданд. Мо дар кадом шаҳр гуфта пурсидем. Гуфтанд, ки дар шаҳри Манислав ҳастӣ...
Раҳматов аз ин беморхона ҳам шифо ёфта баромада, ба як полки захира фуромада, ба ҳуҷуми Берлин рафт. Дар озод намудани вай иштирок намуд. Ҳамроҳи музаффарон ба Рейхстаг омаду дар сутуне илоҷе карда ҷои холӣ аз навиштаҷот ёфт ва бо ҳуруфоти тоҷикӣ имзо ва сана гузошт. Дар он ҷо немис таслим шуда буду лекин дар Чехословакия бендеровчиён ҳанӯз қайсарӣ мекар-данд. Полке ки дар он Раҳматов хизмат менамуд, дар барҳам задани ин саркашон ҳам иштирок кард.
— Мамлакате ки аз Аврупо ҷанг накарда дидем, ин Австрия буд, — мегӯяд Раҳимбой Раҳматов. — Пойтахти он Вена турфа шаҳре будааст. Ман дуредгару иморатсоз. Иморатҳои қадимии он шаҳр ба ман ҷудо маъқул шуданд. Лекин ба шумо як гап гӯям, барои ман аз Ленинобод дида, зеботар шаҳре нест. Шаҳрамон дар ҳамин чанд соли охир боз хушрӯтар шуд, — гуфт дуредгар.
Лайлиро бо чашми Маҷнун бин мегӯянд. Агар телпакдӯз ба сару мӯзадӯз ба по нигоҳ кунад, мо, дуредгар мардум ба иморат нигоҳ мекунем. Иморат хушрӯ бошад, Лайлӣ мепиндорему Маҷнун мешавем. Ман аз ҷиҳати ҷои кор фуқарои шаҳрамону аз ҷиҳати ҷои истиқомат аҳолии ноҳияи Хуҷанд. Ба Хуҷанд рафта хоб карда, ба

пешина
аз 447
навбатӣ