Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
гузаронда, як навбат ба сӯи танк холӣ кард. Танке даргирифт. Дуд, баъди он алангае аз вай берун омада даргирифту таркид. Пас захираи тирҳои тӯпи вай бисёр будааст. Танки дуюм инро дида, нафасе бозистод. Бошандагонаш гӯё дудила буданд: баргарданд ва ё ҳуҷумро давом диҳанд. Аммо танк боз ба пеш хазид. Ин дафъа вай бо шиддати тамоми метохт ва рост ба сӯи пулемётчӣ меомад, ки майдони муҳорибаро ба қабристони душман табдил дод. Тирҳои даргиронанда ҳама сарф шуданд. Раҳматов гранатаи танкзанро ба даст гирифту ба ҷанги тан ба тан тайёр шуд. Лекин ӯ зиракона ҷои худро пинҳонӣ нағз намуд. Вай медид, ки махлуқи бадҳайбат рост ба ҷои аввалааш меомад. Дар як ҷои хандақ чарх зада, барфу хокро бо ҳам омехт ва акнун боз мегашт, ки Раҳматов гранатаро ба паҳлӯяш зад ва он аз хандақ яклаба шуда баромада чаппа шуд. «Танкчиён албатта ҳозир аз даруни вай берун меоянд, онҳо ин зарбаро шояд аз граната нею таркидани мина пиндоранд» — аз дил гузаронд сержант. Тахмини ӯ дуруст баромад. Сарпӯши манора оҳиста бардошта шуд. Саре намоён гардид. «Бигузор вай гумон кунад, ки дар ин ҷо дигар ҷонзоде намондааст. Каси дуюм дар он ҷо ҳаст. Ҳамин ки намудор шуданд, мепарронам». Раҳматов автомати тироварро гирифта дид, тир пур буд. Дар ин асно аз манора якбора ду кас худро чун тӯб берун андохтанд. Яке аз тири аввалини Раҳматов афтод, дуюмӣ бошад, аз паси танк истода тир холӣ кардан гирифт. Пойҳо бе ҳамин ҳам карахт буданд. Аз шиддати сардию беҳаракатӣ сӯзиш доштанд. Вале сӯзиши яктои он якбора зиёд шуд. Раҳматов даст ба он бурда дид, ки рӯи ботинкаи солдатӣ лахт даридааст ва аз байни пойтоба хун чаҳида мебарояд. «Дар ин ҷо монаму аз ҳуш равам, чӣ мешавад? Дуои падару модарам чӣ шуд? Онҳо интизори мананд. Не, ман бояд зинда монам. Дидори падару модар ва занамро бинам. Дар Ленинободи мо ҳам ҳозир барф будагист. Торик шуда истодааст, ё қувват аз ману нур аз чашм меравад? Рӯз ҳам анча рафт. Рӯзи зимистон кӯтоҳ. Акнун дигар немис имрӯз ба ҳуҷум намеояд. Лекин он душман, ки ба сӯям аз автомат тир холӣ мекард, куҷо шуд? Мурд ё камин гирифта мунтазири намоён шудани ман аст?» — ҳамаи ин хаёл паи ҳам аз майнаи ӯ мегузаштанд.
Шарфаву нафасгирии касе ба гӯши аз камқувватӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо