Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

болопӯши блиндажҳо карда буданд. Дар ҳамин мобайн арзандори нопайдоканоре буд, ки ҳосили пухтарасидаашро барои дарав фурсат наёфта буданд. Немисҳои аз шимоли Донск то ба ин ҷо аз тарафи қисмҳои фронти ҷануби ғарбӣ пешкарда овардашуда мудофиаҳои мусоиде пайдо намуда буданду бо ҳуҷум муқобилияти сахт нишон медоданду аз талафоти беҳуда худдорӣ карда, ба мудофиаи тайёрӣ ба ҳуҷум мегузаштанд.

Дар ин ҷо бошад аскарони мо хандақҳоро дар гандумзоре канда буданд, ки ҳосили онро низ нағундоштаанд. Вай дар таҳти барфи ғафс мондааст, вале аз ҳарҷоҳарҷо сараки яхбастаи ноҷунбон намудор буд.

Се танк ба тарафи рост, гӯё ба қафои деҳа гузашта, аз ақиб ҳуҷум кардани шуда рафт. Пиёдаҳо аз ақибаш хеле бисёр буданд. Вале ба муқобили онҳо тиркушоӣ сар шуд. Пас зиндамондагони дигар пешакӣ аз ин нияти душман воқиф шудаанд. Фармондеҳ ҳам шояд бо онҳо бошад, — мегуфт ба худ сержант. Аммо ду танки ба ҷониби сержант равона беором хандақҳои бе он ҳам валангорро хароб менамуд. Дар пасу пеш боз тирҳои тӯп таркида, аз зери барф замини яхкардаро ҳам бардошта, ба ҳар тараф мепошид, ки вай ба рӯи барф мисли донаҳои мош пош мехӯрд. Пиёдаҳои немис ҳам намоён шуданд. Онҳо автоматчиён буданд. Танҳору чун сипар ба пеш гирифта, дам ба дам аз пасу паҳлӯяш намоён мешуданд. Онҳо наздик шуданд. Раҳматов офицери қадбаланди немисро, ки шинели кӯтоҳ дар тан дошт ва таппончаро дар сараш алвонҷ дода, ба солдатҳои қафомонда таҳдид мекарду фарёд мезад, баръало дид. Пиёдагон гумон карданд магар, ки дар хандақҳо хасмашон дигар нест, тохтанд ва аз танкҳо ҳам гузашта ба масофаи тиррас омаданд. Раҳматов аввал як навбат тирро ба ҷониби офицер ва атрофиёни ӯ парронд. Офицер даст ба сандуқи дил бурда, се-чор қадами ноустувор гузошту афтод, дар наздикии вай боз ҳашт ярадори немис мехобид. Як тасма тир сарф шуд. Пиёдаҳои дигар дар майдони ҷанг мурдаю ярадоронашонро партофта, ақиб нишастанд. Лекин танкҳо меомаданд.

— Тирҳои сӯзонандаро гир! — фармуд Раҳматов ба тировар ва ҷавоб нагирифта, нигоҳ карда дар паҳлӯяш ҷасади ӯро дид, ки ба як паҳлӯ мехобид. Ҷунбонд, осори ҳаёт набуд. Дар як он бо чолокие ки ҳеҷ гоҳ аз вай то ба он дам содир нашуда буд, Раҳматов тасмаи тирҳои даргирандаро

пешина
аз 447
навбатӣ