Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай коре карда деҳаро озод ва моро зада ба қафо, ба он тарафи Одер дур андохтанӣ шуд. Соати даҳи пагоҳӣ аввал бомбаандозҳои немис баланд парвоз карда омада, то расида омадани қиркунандаҳои советӣ моро бомбаборон карданд ва баъди он ки онҳоро зада пеш карданд, аз тарафи дигар қиркунандагони немис пайдо шуда, як қадди сафедор ва гоҳе аз ин ҳам паст парида, деҳаро тирборон карданд. Ин ҳама шумхабари ҳуҷуми ҷавобии душман буд.

Аз деҳа ягон ду-се километр дуртар ҷангале намудор буд, ки дарахтони вай дар он ҳавои абрнок сиёҳча метофт. Ҷангали дар назар ором, албатта дар бағал душманро пинҳон дошт ва ҳама чашм аз он намеканданду медонистанд, ки ҳамин дам аз вай ё танкҳо мебароянд, ё пиёдаҳо. Вақте танкҳои немис дар рӯи барфи баланд мисли нуқтаҳои сиёҳ пайдо шуданд, сержанти пулемётчӣ Раҳимбой ба тировари худ гуфт:

— Нигоҳ кун, кам мондаем. Истодагӣ кардан лозим. То наздик омаданашон тир намекушоем.

Раҳматов ба тарафи рост ва чапи худ нигоҳ кард. Аз ҳар ду ҷониб ҳам хандақ валангор буду чанд нафар ба хуну хок олуда мехобиданд. Ягон бист қадам аз тарафи чап як автоматчӣ камин гирифта мехобид.

— Ҳой, ба ман нигар! — овозашро баланд намуд Раҳматов, — то мо тир накушоем, ту ҳам накушо!

— Шунидам, рафиқ сержант, — овози ларзоне омад.

— Ту аз ин тарафи мо хабар гир, боз киҳо зинда мондаанд, — сержант фармуд ба тировари худ.

— Ҳеҷ кас... — ҳанӯз гаваккашон омада истода гуфт вай. — Ҳама ҳалок шудаанд. Фармондеҳи мо куҷо бошад? Чанд нафар ба муқобили танкҳо ва он қадар пиёда? Фармондеҳ куҷо шуд?

— Мешавад. Ҳамин тавр мешавад, ки як кас садди роҳи сад кас шуда метавонад, — дилбардорӣ кард Раҳматов. — Ману ту дар фронт рӯзи якӯм нестем. Аз фармондеҳ хавотир нашав. Балогардон аз бало намегурезад. Натарсидан, саросема нашудан даркор аст.

Хиёли одамӣ чизи ғалатист. Ин дам аз чӣ бошад, ба хаёли сержант, ки чашм аз танкҳо намеканд, як воқеаи соли чилу дуюм расид. Дар ҳудуди вилоятҳои Саратову Сталинград дар Большое Село байни ду хатти мудофиа фермаи мурғпарварии колхозе монда буд. Чӯбҳои фермаро, ҳам ба он хатту ҳам ба ин хатти мудофиа кашонда,

пешина
аз 447
навбатӣ