Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Лекин машинае, ки дар рӯи борташ солиби сурх дошт, аз тирборонҳо гузашта ба ҳамгашт омада истод. Ва ҳамаи ярадорони маро ҳам бардошта ба он бор карданд. Дар мобайни мо Ваня набуд. Наход мурда бошад? Ба хаёли ман ин хел одамҳо намемиранд. Аммо кӣ медонад, дардо, ки дигар ӯро надидам.

Сержант Раҳимбой Раҳматов боз ба Днепропетровск оварда шуд. Дар он ҷо вай то марти соли чилучор дар шифоқада буд. Тир ба устухони рон ҳам осеб расондааст. Сиҳатзёбии ҷароҳат ин дафъа тӯл кашид. Сержант аз шифоқада ин бор ҳам ба қисми дигар ба вилояти Николаевск омад. Рӯзе баъди чанд моҳ ӯ ба ҷанги тан ба тан рафту аз тахтапушташ ярадор шуд. Боз ба лазарет афтод, боз сиҳат ёфта, ба саф баргашт ва бо онҳое, ки ҷашни Октябрро дар хоки Польша пешвоз гирифтанд, пайваст.

— Аввал чанд вақт дар мудофиа будем, сониян ба ҳуҷум гузаштем.— Раҳматов боз тӯппиро ба даст гирифту вале зуд дар рӯи миз гузошт.

Мӯи сари ӯ ҳанӯз мошубиринҷ. Аммо абрувони ғафс ва бурутҳо ҳанӯз сиёҳанд. Агар ду дандони пеши поён наафтода бошад, ҳеҷ кас ин марди тануманд, тану ҷонаш саломат, ранги рӯяш баҷо ва чинҳои пешонию гӯшаи чашмонаш фақат дар ҳангоми ханда ва табассум намоёнро шастучорсола намепиндорад.

— Ман пулемётчии пулемёти станокӣ будам. Варшаваро дидам. Гуфтанд, ки вай шаҳри калон ва зебое буд. Аммо вақте ки мо ба он даромадем, ягон иморати бутун намонда буд гӯям, муҳобот намешавад. Номи Варшаваро ҳанӯз аз хурдӣ медонистам. Агар дар ёдатон бошад, хел лампаи керосинро лампаи Варшава мегуфтанд. Дар ҳамон ҷо гапи байни худамон-дия, айб накунед, фаҳмидам, ки Польша пештар ба хоки Россия ҳамроҳ буда-асту баъди Октябр боз мамлакати мустақил шудааст.

Қисми тоҷики шайхбурхонӣ ба лаби дарёи Одер расид. Дар ин ҷо ба қисм дурӯза истироҳат доданд. Солдатҳои советӣ медонистанд, ки баъди чунин истироҳат албатта ҷаҳиш сар мешавад. Шаби рӯзи сеюм фармон гирифта шуд, ки аз дарёи яхбаста гузаранд. Дар зери тирборон аз он гузаштанд ва наистода як деҳаро низ озод карданд. Дар он ҷойгир шуданду ба мудофиа нишастанд. Аз Одер гузашта мавқеъ ишғол кардани қисми советӣ душманро аз ҳад зиёд ба ғазаб оварда буд.

пешина
аз 447
навбатӣ