Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ба як кӯча аввалин шуда даромада, ҷои пой мондан набуд гӯям, бовар кунед. Мурдаю ярадорон пур. Гумон мекунед, ки қиёмат қойим шудааст. Аз як хамгашт моро гузаштан намемонданд. Тир борон барин мебориду ба деворҳо, кӯчаи асфальтпӯш зада хуштак мекашид. Мо се нафар ҳарчӣ бодо бод ба кӯчаи дигар гузаштанӣ шудем. Тохтем. Гузаштем. Лекин ронамро оташе лавве сӯзонда гузашту худамро ба як паноҳ гирифтам. Дидам, ки дуи дигар ҳам тир хӯрданд. Яке аз пешонӣ, вай намечунбид; дигаре гавак кашида бо хуни худ ба кӯча гӯё хат кашида меомад. Ман-ку намемирам. Саломат бармегардам. Чаро рафиқи ҳамяроки худамро аз вартаи ҳалокат берун накунам? Тозон рафтаму ба паноҳ кашидам. Гӯё пинҳон шудем. Лекин баъди ин фаҳмидам, ки дар раҳи рафтуомад хуни ман ҳам бисёр рехтааст. Ба рафиқи ярадор аз обдопаш об мехӯрондаму худам ба зӯр нафас мекашидам. Ҳар чӣ бошад, чароҳатро коре карда бастан лозим. Шимро хостам дарронам. Маҷолам нарасид. Ҳамин дар ёдам ҳаст, ки дар ҷои нишастаам пуштнокӣ афтодам. Сарам ба девор бархӯрд. Ба ҳуш омадам. Шахсе маро ба тахтапушт гирифта, гаваккашон мерафт. Тири тӯпҳои тапқ гоҳ дар ин ҷо, гоҳ дар он ҷо гулдуррос мезад. Садои тирҳои милтику пулемёт аз атрофам шунида мешуд. «Ин кист, ки маро мебарад?» — худ аз худ мепурсидам ва дар дил мегуфтам, ҳар чӣ бошад шукр кун, ки туро аз пули сироти дӯзах гирифта мегузарад». Ноғаҳон овози касе ки маро мебурд, шунида шуд: «Чулдас!
Аҳволат чӣ тавр? Эй вой, ин Ваняи худамон-ку! — гуфтам ба худ. Дар ин қисми нав Николай Козлов ном аскаре ба ман ёри ҳазл шуда монд. Худ ба худ. Вай аз Олмаато бошад ҳам, маро ҳамшахр меномид. Номи ман барои вай «чулдас» буд. Ваня мани ярадорро ба пушт гирифта, ҳарсосзанон гавак кашид. Вай як ҷавони нозукак, рӯи сафедаш аз бисёрии доғи кунҷитак кӯрак, лекин симпай ва чандир будааст, ки бало барин ҳаракат мекард.
— Чулдас, чаро ҷавоб намедиҳӣ?
— Ба худ эҳтиёт шав, Ваня, — гуфтам ба зӯр.
Ваня ҷавоб надоду хез зада ба он тарафи кӯча гузашт ва овозашро то метавонист, баланд карда, кадомеро чеғ мезад ва ногоҳ дидам, ки калавид. Рӯяшро ба қафо гардонду афтод. Дасту позанӣ аш беҳоло ва буд. Ман тамоми қувватамро ҷамъ кардаму ба тарафи Ваня гавак кашидам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо