Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Ҳеҷ қисса не, имрӯз хира мебинӣю фардо равшан. Бахти баланд доштай. Зан дорӣ?
— Дорам, духтур.
— Ман ғами онро мехӯрдам, ки шояд ту муҷаррад бошӣю баъди якчашма шуданат занёбӣ бароят душвор гардад, — хандид духтури хеле калонсол, ки аз касалмандии диққинафас эҳтимол бошад, ҳамеша хир-хиркунон нафас мекашид. — Чӣ тавре ки ҷавонон ҳама орзӯи соҳибҷамолон мекунанд, духтарон ҳам ба худ ҷуфти хушгилу хушсифат меҷӯянд. Ҳайр ба ҳар ҳол шукри Худо. Ҳар ду чашмат солим аст. Ман таърихи бемориатро дида баромадам. Тире аз сари синаат сӯрох карда гузашта, аз паҳлӯят берун рафтаасту ту зинда мондай.
— Падару модарам аз ман ҳамчун аз фарзанд, ҷудо хурсанд ҳастанд. Рӯзи армияравиам дуо карда буданд, ки сиҳат омада саломат равам — дилро монандӣ дастархон ба пеши духтур калон кушод сержант. — Ман албатта саломат бармегардам.
— Ба ин боварӣ дорӣ? Ана ҳамин эътиқод, писар, туро саломат нигоҳ медорад, — гуфт духтур. — Маъюсу навмед нашудан, домани ҳаётро сар надодан, гарави ғолиб омадан ба ҳамаи дардҳост. Ба ин пуркуввату бардамии туро зам кунем, боиси зуд шифо ёфтанҳои ту равшантар аён мегардад. Офарин!
— Кай ба ман ҷавоб медиҳед, ки ба қисми худ равам? Дӯстони ҳамяроқамро ёд кардам, — бо тавалло ба духтур нигарист Раҳматов, чуп чашмашро бо докаи нав мебастанд.
— Ҳоҷати шитоб нест. Барои душманро задан, чашмони саломату дурбин лозиманд, — тап-тап ба китфи сержант зад духтур. — Ту пулемётчӣ ҳастӣ, пас дурбин буданат зарур.
Аҷаб коре! Сержант ҳар дафъа аз шифоқада барояд, ба қисми нав меафтад. Ӯ ин бор боз ба қисми нав омад, ки вай ба амалиёти озод намудани Кривой Рог миён баста буд.
— Душман боз як зӯр зада медид, ки ин мавқеъро аз даст надиҳад, — Раҳимбой Раҳматов тӯпии чусти нави ғуборе надоштаро аз сар гирифта, рӯй ба паҳлӯ тофту оҳиста ба ангушт зада афшонд ва чарх занонда гӯё гулҳои онро аввалин бор медида бошад, чашм дӯхт ва бо тааммул, ба хаёлам, фикри худро ба сухан гузаронд: — Руст кардан чӣ даркор? Одами бисёр ҳалок шуд. Ман

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо