Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Ҳаргиз не, табъи дил, ҳикояатонро обу ранги ин нақл зеботар мекунад,— гуфтам дар ҷавоб.— Худи ин нақл ҳам ба сари худ қиссаи аҷибест.
— Ҳамин тавр гуфтеду мондед. Баъди ҷанг ба хонаи Ольга Ивановна омадани партизани наврас, ки дар сари дили вай ду орден ва як медали ҷангӣ буд, ба духтари гумшудаю боз ёфташудаи вай хонадор шудани ӯ ҳақиқатан қиссаи аҷоиб мешавад,— гуфт Раҳимбой Раҳматов.— Аз шумо як илтимос. Аз гапҳои ман дар вақти навиштан ҳамин воқеаро мабодо монда равед.
— Ба ҷон.
— Набошад саргузашти худамро боз мегӯям,— ӯ аз ваъдаи ман хушҳол шуд.
Сержант Раҳимбой Раҳматов дар тамоми муҳорибаи Сталинград, ки заволи армияи немис, аломати комилан барбодравии қасду ниятҳои фашизми Германия буд, иштирок намуд. Баъди ин полки ӯ дар ҳайати фронти дуюми Украина ба дуюмбор озод намудани Харьков рафт.
Пас аз ин ӯ дар ишғоли Днепропетровск иштирок намуд ва дар он ҷо аввалин бор ярадор шуд. Тири милтиқ сандуқи дилро раҳна намуда, аз паҳлуи рост баромада рафт.
Вале ӯ зинда монд. Зеро осебе аз дохил ба ӯ нарасида буд. Ӯро ба Ростови лаби Дон бурда, муолиҷа карданд ва баъди се моҳ вай ба қисми дигар ба шаҳри Солонники, ки дар масофаи сил километр аз Днепропетровск воқеъ аст, омад. То он вақт ӯ пулемётчӣ буду лекин дар қисми нав ба дасти вай автомат доданд. Дар ҳангоми озод намудани вилояти Днепропетровск ин дафъа ӯ аз резапораи мина ярадор шуд. Пораи мина ба тезӣ нею, ба паҳнӣ ба рӯи ӯ зада, чашми чап нобино шуд.
— Лекин боз бахт ба ман мадад кард,— мегӯяд Раҳматов.— Рӯзе духтари чашм доқаро кушоду ман бо чашми ранҷур гӯё хира духтурро дидам. Эҳтимол дар ҳамин хел мавридҳо одам шодикаф шавад. Дилам сахт тапида, саҳл монда буд, ки беҳуш шавам.
— Духтурҷон, падари меҳрубон, чашмам бино шудааст! — гуфтам.
— Ман инро ба ту ҳар рӯз мегуфтаму маълум мешавад, ки боварӣ надоштӣ. Шаккок будай,— духтур ҳазли ҷиддинамо кард.— Канӣ сержант, чашми ростро руст карда ба ман нигар, ҳеҷ чиз мебинӣ?
— Мебинам, духтур, лекин хира.

пешина
аз 447
навбатӣ