Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
андешаи ман, ба даҳани холӣ даромада омадед. Масалан, дар кӯчаи мо ягон кас тир холӣ накарда буд. Ман аввал садои танкҳоро шунидам, ки ҳама ҷоро ларзонда меомаданд, мошинаҳои солдатсавору баъд пиёдаҳо пайдо шуданд. Ман тозон баромадаму аз шодӣ хой-хой гиристан гирифтам. Ин дам аз собот овози наврасро шунидам, маро ҷеғ мезад. «Маро ба кӯча барор, рӯи онҳоро бо чашми худ бинам» гуфт. Вай ҳам бача-дия. Ман ба ҷои ин боқимондаи ширро овардам. «Модарҷон, аз шумо илтимос, ҳамин ширро ба аввалин аскари сурхе ки ба ҷониби шумо нигоҳ мекунад, бурда диҳед» мегӯяд. Худат хӯр, онҳо хӯрданию пӯшиданӣ доранд, гӯям қабул накард. Ночор кружка дар даст берун омадаму шумо вайро аз ман нагирифтед. Аммо як офицер ба шумо омирона фармуд: гир, бинӯш, ҷанговар! Модари рус аз пою қадами мо хушнуд шуда шир овардааст. Шояд ғайри ин шир дар хона дигар чиз надошта бошад. Шумо гирифтед, нӯшидед ва раҳмат хондед.
Ба хонаи ӯ ҳам рафтем. Шавҳари вай аз фронт барнагаштаасту зан ҳам дигар ба шавҳар набаромадааст. Духтарчаи сездаҳсолаш вақти наздикшавии немисҳо ба ким-куҷои Осиёи Миёна оварда шудааст. Баъди якуним сол, дар аввали соли чилу сеюм модарро меёбад. Баъди ҷанг ҳамон партизани ҷавон, ки дар ҳавлии Ольга Ивановна дар вақти ярадорӣ маҳбус будааст, кофта-кофта рӯзе ба хонаи ӯ даромада меояд. Ҷавон гириста нақл мекунад, ки падару модари вай дар ҷанг ҳалок ва хонаашон хароб шудааст. Ольга Ивановна вайро ба фарзандӣ қабул мекунад. Дере нагузашта ҷавонон ба ҳам дил медиҳанд ва аз модар ризоят ба зану шавҳар шудан мепурсанд. Ҳоло онҳо соҳиби ду фарзанд ҳастанд, гуфт зан ва аз девор суратеро гирифта ба дасти ман дод. Ба ин сурат панҷ нафар фуромада буданд.
— Ана ҳамин тавр, агар фурсат мебуд, меҳмони бисёри хонаҳои дигар ҳам мешудем ва шиносоии ғоибона эҳтимол буд бисёр баромада монанд, ҳамин тавр не?— пурсид аз ман Раҳимбой Раҳматов мӯйлабҳояшро ба каф молида.— Ҷанг домани дӯстиро васеъ, хешу таборҳоро бисёр кард. Мебахшед, муаллим, ба миёнаи ҳикояи ман ин ҳикоя даромада монда, сӯҳбатамонро кашол дод. Шуморо дилгир накардам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо