Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

пухта бошанд, бардошта меоваранд. Дар ин меҳмониҳо умри ман ба ҷавобдиҳӣ мегузашт. Аввалан, хотираҳои ҷангро мепурсиданд. Сонӣ аз кору борамон. Аз пурсопурсӣ дар Беловск як зане ёфт шуда монд, ки ба ман дар вақти ҷанг як кружка шири гарм бароварда дода буд. Ман ҳикоя карда ба болои ҳамон омада будам, як зани миёнсол, ки аз ҳама ба ман ситорагармтар менамуд, аз ҷой хеста ба чапакзанӣ даромад.
— Додаракам, ин ман будам. Ман! — зан омада маро хоҳарона ба оғӯш гирифту бӯсид. — То азоб накашӣ, ба қадри роҳат нарасӣ, мегӯянд. Қадри озодиро асир хубтар медонистааст. Ман ҳамааш шуда се моҳ асири немисҳо будам. Азобу уқубатҳое дидаму кашидам. Пеш аз се рӯзи ба деҳаи мо даромадани аскарони сурх дари хона оҳиста кӯфта шуд. Фаҳмидам, ки ин немис не. Вай овозашро баланд карда: рус, зуд дарро кушо, вагарна капут гӯён дӯғ намезад. Ин одам аз они худӣ бояд бошад, гуфтам ба дилу дарро кушодам. Касе, ки ба дар такя карда ба зӯр меистодааст, тараппӣ ба зери поям афтод. Ин партизани ярадоршудаи аз сармо шахшудагӣ будааст. Ба дарун кашидаму гӯгирд зада ба рӯяш нигоҳ кардам. Ҷавонакак, ягон ҳафдаҳсола. «Модарҷон, маро пинҳон кун» мегӯяд. Ба таҳти собот бурдам. Пахол-маҳол ёфтаму пинҳон кардам. Об ҷӯшонда оварда, ҷароҳаташро шустаму бастам. Ду дона картошкаи дар кӯр пухта шуда буд, бурдам, хӯрд. Болояшро дам кардаму то пагоҳ хоб накарда баромадам. Аз худою меҳрубониаш гардам. Пагоҳаш немис фурсати хона ба хона гаштан ҳам надошт. Тирҳои тӯпи шумо, яъне мо гоҳ дар ин, гоҳ дар он ҷои деҳа фуромада метаркид. Аммо ман наметарсидам. Бо эҳтиёт дар ба дар гашта, барои бемори ярадорам шир ёфтам. Ҷӯшондам ва аз тиреза ба кӯча оҳиста нигоҳ карда, немисҳои мурдавор саросема рӯ ба ҷониби ғарб рафта истодаро дидам. То ҳамон дам нигарон шудам, ки дигар кӯча аз вуҷуди душман холӣ шуд. Ширро гирифта, ба собот рафтам. Бачаи бечора меларзид. Аскарони мо наздик мешаванд, ки немисҳо ба як тараф метозанд, гуфтам. Ҳамин замон аскарони худамон шояд даромада оянд. Хушхабар рӯҳи тоза шуд, ки ба ҷисми ҷавон дамид. «Афсӯс бехабар мондам. Таппончаам тир дорад, шинак меёфтаму гурезаҳоро якта-якта мезадам» гуфт. Ба ҳамин шукр кун, ки писарҷон зиндаю саломат мемонӣ. Шумо Раҳимбой Раҳматович, ба

пешина
аз 447
навбатӣ