Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
тозии хориҷиён ба мамлакати мо, як давлати ҳоло ҷавон, камқуввати аз ҷанг харобшуда дар муқобили он ҳама қувваҳои муттаҳидаи душманон чӣ қадар истодагӣ, субот ва бобақоӣ нишон дод! Ҳатти Маннергейми Финляндия чӣ шуд? Дар кӯли Ҳасану Халхинголь ба японҳо чӣ сабақи хуб додем! Хуб шуд, ки дар мудофиаи Москва ҳастам.
Армияи Сурх ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт. Немисҳои асирафтода турфа ҳоле доштанд: дар сармои туф куни ях кун шинели тунуке... Онҳо охир, аз гуфти фюрерашон, зимистонро дар Москва, дар хонаҳои гарм бо айшу тараб гузарониданӣ буданд. Асирон каф ба каф молида, по ба замин мекуфтанд, ки навъе гарм шаванд. Онҳо ба либосҳои аскарони сурх нигариста, рашку ҳавас мекарданду халос. Ҳар солдати советӣ дар бар ду қабат куртаи ғафси зер, нимчаи пахтадор, шими пахтадор ва шинел, пойтоба дар пой, аз болои он чулоб ва валенка. Шленкаи аз мӯи шутур бофташудае, ки то гардан мефаромад ва аз болои он телпаки гӯшпӯшдор дар сар ва дар даст ду қабат дастпӯш, яке панҷадор ва дигараш бепанҷа буд.
— Қисми мо ба мудофиаи Сталинград фиристода шуд,— ба ёд меовард Раҳматов ба хаёл фурӯ рафта.— Ба шаҳри Комсомольск даромадем. Масофаи байни ваю Сталинград, Қистакӯзу Ленинобод барин буд. Як ҳамон тарафҳоро, худо расонад, дида омадан даркор аст. Охир мо ҳар ваҷаби он ҷойҳоро мудофиаи озод кардаем. Дар воқеъ, моҳи декабри соли гузашта, яъне шасту ҳаштум, ман ба шаҳри Беловски остонаи Москва шудам. Як ҳамдеҳаамон, Қосимов гуфтаи ҷавон, дар шаҳри Клин зиндагӣ ва кор мекард. Дидани вайро баҳона карда рафтем. Дар он ҷойҳо аз Ленинобод ва аз ҷойҳои дигари республикаи мо ҷавонон бисёр буданд, шунида омаданд. Қадоме гуфтааст, ки ман дар озод кардани ин ҷойҳо будам. Поямро ба замин парасонда ба пеши роҳбарони маҳаллӣ бурдам. Дар зери саволборонҳо мемондам ва намедонистам, ки ба кадоми онҳо ҷавоб диҳам. Аз зиёфати онҳо халос шуда ба дасти аҳолӣ афтодам. Дар вақти дар харобазори ин ҷо ҷангида гаштан, кай медонистам, ки мардуми ин маҳал ин қадар меҳмоннавоз аст! Нахӯред, ҳеҷ набошад, чошнӣ нагиред, меранҷанд. Мардуми қишлоқи ҳамон тарафҳо қишлоқҳои худамон барин. Ба як ҳавлӣ меҳмон биёед, ҳамсояю хешу табораш ҳар чӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо