Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Аз сарҳадди байни мову Эрон наҳри калоне мегузарад, ки вай ҷӯйҳои шӯхи кӯҳистонро ба ёд меоварад,— нақл менамуд Раҳматов.— Мо ба ҳамон ҷӯй пули чӯбин ва маҳкаме сохтем. Эҳтимол стансияи электрикии обии муштараке дар оянда дар болои он сохта шавад, ки вай ба ҳамкориҳои дӯстонаи ду мамлакат мадад кунад.
Баъди ин аскарони сурх дар хоки худамон машғули роҳсозӣ шуданд. Дар ин наздикиҳо барои роҳ шағале набуд. Аз биёбони хорзор ва ҳар ҷо-ҳар ҷояш буттаҳои сӯксавулдор харобаи шаҳри қадима, вале маданиро пайдо намуданд, ки таҳкурсии ҳамаи иморатҳо, баъзе биноҳо монандӣ ҳаммом, масҷиду мадраса аз хишти пухта будааст. Қарор доданд, ки ҳамаи ин хиштҳоро аз зери хоку кулӯх берун оварда, баъд зада реза карда, дар роҳсозӣ ба ҷои шағал истифода кунанд. Ҳарчанд тирамоҳ мерасид, лекин аз ин қитъаи олам тобистони сӯзон ҳанӯз нияти рафтанро гӯё надошт. Дар чунин гармо хишткобӣ, баъд майда кардани он осон набуд. Ҳар кас норма дошт. Вай мебоист, фалон метри мураббаъ хиштро берун оварад, бор ва майда кунад. Дастони дуредгарон ҳам обила доранд. Онро пойтеша мекунад. Лекин акнун ҳар ду кафи аскари сурх Раҳимбой Раҳматов аз тароша фарқе надошт.
Роҳи на он қадар дароз, вале ҳамвор бо чунин душворӣ сохта шуд. Ва қисм дар моҳи сентябр ба фронт равона гардид. Эшелони аз ҷавонони мардуми Осиёи Миёна иборат рӯзи тақрибан даҳуми аз Тошканд баромадан ба Москва расид. Дар он ҷо аскарони сурх барои ҳаммом ва иваз намудани сару либосу гирифтани яроқу аслиҳа фурсат доштанду халос. Маълум шуд, ки фронт аз Москва ҳамааш шуда ягон бисту панҷ километр дурӣ дошт. Қисм ба шаҳри Беловск рафта, ба мудофиа даромад ва солонаи Октябрро дар он ҷо пешвоз гирифт.
Пропагандистон газетаҳо оварданд. Дар он нутқи ба муносибати солонаи Ҳокимияти Советӣ эрод намудаи И. В. Сталин ва ахбороти паради ҳарбии дар Майдони Сурх ба ин муносибат баргузор гардида чоп шуда буданд. «Ҳукумати шӯро куҷою ҳазор нафари ин дуздон куҷо!» Кӯҳею коҳе!!»— сухани пирамарди ришдарози шаҳидонӣ бори дигар ба гӯши Раҳимбой гӯё даромаду ӯ худ ба худ табассум намуд». Албатта, Гитлеру ҳазор андарҳазор қӯшунҳои вайро бо Амонкулу роҳзанони он муқоиса кардан хандаовар аст. Вале дар солҳои тохту

пешина
аз 447
навбатӣ