Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
чунин андешааш боварӣ ҳосил мекард. Вагонҳои сурхи эшелон биёбони дӯзахнишони Туркманро тай мекард. «Агар одам дам ба дам об нахӯрад, эҳтимол дар чунин ҳаво зуд аз ташнагӣ ба гӯшти қоқ мубаддал шавад, — мегуфт худ ба худ Раҳматов, ки аз ҳар истгоҳ аввал ши- каму баъд обгиру худро аз обҳои бемазза, гарм пур мекард. — Канӣ он обҳои ях барин хунук, шиша барин софи чашмаву ҷӯйбори дараву доманаҳои кӯҳсори Ашт? Куҷост он чинорҳои азамат, ки сояашон чорьяки гектар заминро сарду серун нигоҳ медоранд ва ҳар баргашон як бодбезе!».
Рӯзи чандуми аз Лепинобод рафтан бошад, Раҳимбой дар хотир надорад, дар Қизиларват ном маконе онҳоро аз вагонҳо бароварданд. Офтоб одамро мисли яхпорае гӯё об мекард. Рӯшноӣ чандон зиёд буд, ки ҳатто ба ос- мон нанигарӣ ҳам ҳазорон сӯзанҳои ноаён ба чашм ха- лида мешуданд ва чашм худ аз худ нимпӯш мегардид. Чӣ мешуд ҳозир саф намеоростанд? Мегуфтанд, ки ба фалон ҷой рафтан даркор аст, мерафтанд. Эҳтимол, дар роҳ дарахтзори сояю салқин бошад. Ҳозиру ғоиб шуд. Дар пуштораи ҳар кадом камаш ду пуд бор. Милтик, граната, ниқоби зиддигаз, шинели печонда аз гардан гу- зарондашуда, борхалта... Чӣ хуш буд агар аз хонаҳо ҳа- мин нон, меваҳои хушкро намегирифтанд! Бегоҳӣ рӯзи дуюми пиёдагардон бо ин қадар бори вазнин ва гармои тоқатфарсо ба Қизилатрек ном маҳалле расиданд, ки як қитъаи он сарҳадди байни диёри Туркман ва Эрон рӯзҳо ба занбӯрхона монанд буд. Немисҳо барои аз Эрон ҳам лашкар кашидан ба муқобили Иттифоқи Советӣ, дар биёбони ҷаҳаннамнишони гирифтори ғазаби худои он тарафи сарҳад сесад километра роҳеро дар кӯтоҳтарин муддат сохта, ба сарҳадди мо оварда чафс карда монда- анд. Роҳи онҳо ҳанӯз маълум набуд аз куҷо шурӯъ шу- дааст. Лекин вай омада ба ботлокзори наистоне тамом мешуд, ки дар сарҳад вай тақрибан даҳ километр паҳ- ной дошт.
Армияи Советӣ ба Эрон даромад. Лашкаркашӣ чунон тез ва чандон ногаҳонӣ буд, ки ҳатто роҳсозони немис ба гурехтан фурсат наёфтанд ва дастгир шуданд. Қисме ки Раҳимбой Раҳматов дар он хизмат мекард, ба Бандаршоҳи Эрон оварда шуд. Моҳи август ҳам дар бандари пурхатару магал гузашт ва баъди ин як қисми аскарони советӣ ба хоки худамон баргардонда шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо