Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Баъди ин бо иштироки худи Мавлонбеков аскарони сурх ва отрядҳои ихтиёрӣ то тамоман торумор карда шудани дастаи Амонқул ҷангиданд. Лекин малахак ба куҷое ҷаста ғайб зада буд. Ӯро баъди хеле вақт бо мадади аҳолӣ дастгир карданд ва ҳоло ба ҳар савор карда сазои касе мекарданд...
Тирамоҳи соли сию якӯм ба сохтани комбинатӣ абрешими Ленинобод сар карданд ва Раҳимбой Раҳматов ҳам аз сафару мусофириҳо халос шуд. Ӯро низ чун дуредгари ҳунарманд ба сохтмони ин корхонаи азамати оянда оварданд. Комбинат буд шуд. Ба кор даромад. Лекин ба чанд нафар дуредгарон, аз ҷумла Раҳматов иҷозати аз ин корхона рафтанро надоданд. «Сохтмони цех ва фабрикаҳои нав давом мекунад. Ғайр аз ин, як бригадаи дуредгаронро бояд ҳамвора комбинат дошта бошад, ки мутасаддии дуруст кардани шикастурехти вай гардад» — гуфтанд. Раҳматов даҳ соли тамоман дар ин корхона монд.
Ангурҳои рангоранги токи рӯи ҳавлиаш ғарқ пухтагӣ буданд, ки Раҳматовро ба армия даъват карданд. Падару модар малулу маҳзунона ӯро мегуселониданду аз сари вай чунин фикре бадар намешуд: «Беҳуда намегӯянд, ки ҳосили аз ҳад мӯл ба ягон воқеаю ҳодисаи бад сабаб мешавад. Дар ёдам нест, ки ин ток ин қадар ҳосил карда бошад». Сарҳо, донаҳои ақиқ ва марворидвор шаффоф чӣ қадар бисёр ва калон! Дар ҳолате ки аз чашмҳояш ашк мешорид, падар писарро боз як дам аз роҳ дошта, нардбон монда, як сар ангури тагобиро канд ва аз он ғуҷумро ҷудо намуда, ба дасти писар доду сари ангурро гузошта, даст ба дуо бардошт.
— Илоҳӣ сиҳат раву саломат биё, биёю мавизи ҳамин сари ангурро худат хӯр, омин! — хурду калон ҳама даст ба рӯй кашиданд.
— Баъди панҷ рӯзи қабул ба сафии армия, дар худи шаҳр ба навомадаҳо сару либоси низомӣ доданд. Раҳимбой, ки арраву теша, рандаву пойтеҳаҳояшро бардошта, қариб тамоми шаҳру деҳоти атрофи шаҳри худро тай карда омада буд, чунин мепиндошт, ки дар тобистон ҷои аз ҳама гарм ва дар зимистон, баъди Россия, ҷои аз ҳама хунук шаҳри ӯст. Ҳоло ба соддалавҳона будани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо