Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ҳасанов ва Богомолов иборат буд. Чун комиссия ба қароргоҳи босмачиён мерасад, бо фармони Амонқул зуд онҳоро дастгир ва ҳабс мекунанд.
— Инро найранг мегӯянд — қоҳ-қоҳ механдад Амонқул.— Лашкаркашӣ бе ҳила намешавад. Акнун, ҳой тӯртинчиҳо, агар хоҳед, ки каллаатон себча барин канда нашавад, хат менависед, ки ба мо сад дона милтиқ ва ҳазор дона тир фиристода, шуморо халос карда гиранд.
— Хобатро ба об гӯй! — бебокона гуфт Бобобек Мавлонбеков, ки ҳама ӯро аз рӯи ҳурмат тағо меномиданд.— Қадом кас ба душмани ҷони худ тиру камон медиҳад?
— Агар хат нанависед, ҳамаатонро аз дами шамшер мегузаронам,— таҳдид кард саркардаи босмачиён.
— Як тораи мӯи бадани моро кам кунӣ, калимаатро пешакӣ гардону гӯру кафанатро тайёр кардан гир,— аз Амонқул баландтар омад Мавлонбеков. — Медонӣ мо кистем? Худяков — раиси комиссияи фавқулодда, Ҳасанов намояндаи советҳо, Богомолов аз аскарони сурх.
Маро албатта нағз мешиносӣ, Бобобек Мавлонбеков ҳастам.
— Ҳамаатонро медонам, — дандон ғиҷиррос занонд Амонқул.— Баред, ба заминкан партоед. Рафту ба гапи ман розӣ нашаванд, ҷазояшонро медиҳам.
Мавлонбеков шабонгоҳ дар заминкан нишаста, аз қафои дар пичир-пичири ду посбонро шунид. Онҳо дар хусуси Маҳмудхон эшони кӯқандӣ сухан мегуфтанд, ки Амонқул мухлис ва муриди вай буда, чанде пеш меҳмон шуда рафтааст. «Кӣ будани ин эшонҳоро мо медонем»— гуфт ба дил Мавлонбеков.— Онҳо ҳанӯз аъзоёни ташкилоти аксулинқилобии «Уламо» ва «Шӯрои ислом» буданд, ки ба назди сафири дар Қашқар будаи англисҳо рафту омад доштанд ва маслаҳату машваратҳои онро ба босмачиён оварда мерасонданд.
Рӯзи дигар чун посбон ба бандён нону об овард, Мавлонбеков ӯро оҳиста ба гап гирифт ва қисмати бади ояндаашро ба пеши назари вай оварда, аз карда пушаймон гардонд. Баъди ду рӯзи дигар ба тавассути ин посбон ӯ ба советӣ уездни Хуҷанд махфӣ хабар расонд, ки барои халосии вакилон Маҳмудхон эшони кӯқандиро миёнарав кардан даркор. Эшонро ба Хуҷанд меоваранд ва ӯ аз ин шаҳр қозӣ Саидаҳмадхон ва чанд нафари дигар тӯраву эшонҳоро бо худ гирифта, ба қароргоҳи Амонқул рафта, вакилонро озод кунонда овард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо