Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
набуд. Як гурӯҳ дуредгарон, аз он ҷумла устою шогирди мо барои дарғотсозӣ чанд вақт дар сари ҷӯйҳои калони Ғӯлакандоз, Нов, Қистакӯз ва Овчӣ шуданд. Баъди он дар деҳоти атрофи шаҳр — Пули Чуқур, Кулангир, Шайхбурҳон мактабҳо сохтанд. Зеро хонаву меҳмонхонаҳои барои мактаб мусодира кардашудаи боён акнун тангӣ мекарданд. Баъди ин ташкилоти бинокорон онҳоро ба Шаҳидони Ашт фиристод, ки қариб як соли тамом дар он ҷо мактабу клуби то ин вақт мавҷуди онҳоро бино карданд.
Рӯзе Раҳимбой машғули кор ғулғулаи кӯчаро шунида, тохта баромада турфа тамошоеро дид. Як шахси дег барин сип-сиёҳ, шикамкалонро ба хараке шинонда, пойҳоишро дар шиками ҳар маҳкам баста буданд. Ҳар ду дасти ландахур низ ба қафояш гузаронда, баста шуда буд. Чунин менамуд, ки гурбаеро ба калламуше шинондаанд. Қӣ будани вайро яке аз садҳо тамошобинон, ки харсавор ва аспакиёнро иҳота намуда мерафтанд, Раҳимбой пурсид. У гуфт:
— Амонкул қӯрбошӣ ана ҳамин аст. Аз ҳама қашшангу тайхуми қӯрбошиҳои ин гирду атроф ҳамин маҳлуқи холиқ аст, ки мардуми бечораро ба дод меовард. Оқибат ба даст афтодааст, хайрият.
— Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дастӣ малахак, гуфтаанд, — пирамарди риши пахта барин сап-сафедаш қариб то миёнбанд расидае писханд зад. — Ҳукумати шӯро куҷою ҳазор нафари ин дуздон куҷо!
Бегоҳон чун одат, котиби комитети ноҳиявии партия Розиқови қистакӯзӣ, ки ӯро раиси мӯйлав меномиданд ва раиси иҷроияи ноҳия Муллобоев ба назди бинокорон ҷойнӯшӣ омаданду тафсили ба даст афтодани қӯрбоширо карданд. Комиссияи уездии мубориза ба муқобили босмачиён қарор карда буд, ки дастаи охирини босмачиёни Амонкул зуд барҳам дода шавад. Аскарони сурх ва отряди ихтиёрӣ дастаро таъқиб менамуданду ба вай имконияти тороҷгарӣ намедоданд. Амонкул барои андак бошад ҳам, аз таъқиб халос шудан ба совети уездии Хуҷанд одам мефиристад, ки таслим шудан мехоҳад. Ин масъала дар он ҷо мавриди муҳокима мегардад ва раиси ЧКА Бобобек Мавлонбеков таклиф менамояд, ки ба назди босмачиён вакилон фиристода шаванд. Ҳайати вакилон аз чор тан — Ҳудяков, Мавлонбеков,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо