Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нигариста хуб хандид. «Маро масхара карда истодаанд, устои ман ин гуна одат надошт-ку. Аз куҷо ҳам ҳамин гапро ба ӯ гуфтам. Устоям беҳуда намегӯяд, ки калон-кор бошу калонгап не. Ман, аз афти кор, аз ҳад зиёд беодобӣ кардам. Фикр накардам, ки ҳашарчиҳо як-ду рӯз кор мекунанду лекин мо чанд моҳ ин тараф кор мекунем ва ин мактаб гуфта усто пул нагирад, он қадар бачаҳояш чӣ мехӯранд?»

Усто табассумкунон гашта омада, ба шогирдаш хушҳолона нигарист.

— Мо дуредгару гилкорҳо ҳам моҳе якрӯзӣ бепул кор кардаӣ шудем,— гуфт ӯ.

— Наход?

— Находаш чӣ? Ҳашарчиҳо ҳам мо барин одам. Ҳар кадом як-ду рӯз бепул кор карда истодаанд. Хайр, ин ба ту маҳмадоноча маъқул?

Усто ҳарчанд ӯро маҳмадоно номида бошад ҳам, Раҳимбой хурсанд шуд ва ногаҳон ба хаёле фурӯ рафта монд. Усто рамузгирона аз андешаи шогирд огоҳ шуд.

— Ману ту, ки якҷоя кор мекунем, кори бепул ду рӯз мешавад. Ҳамту не? Қани, тешаро бигир. Худи ҳамин барин карда, тахтаҳоро аз болои чӯб задан гирчӣ.

Ин бори аввал буд, ки усто чунин корро ба шогирдаш мефармуд. Тахта аз чӯби сафедор буд. Хушк, сербуток, чанд бор симмех дар дасти усто ҳам қат шуда буд, лекин Раҳимбой намехост ягонтои он аз тахта нагузашта, ба болорҳо надаромада монад. Усто гӯё машғули кори худ буд. Вале шогирд мефаҳмид, ки дасту пои ӯро дар кори мустақилона санҷиданист ва рост ба кори ӯ назора надорад. Шумурда ҳаштод мех зад. Ягонтоаш ҳайрият қат нашуд, ки кашида гирифта, аз нав рост карда занад. Усто бархоста ба сари ӯ омад ва хушнудона гуфт:

— Усто шуда мондай, Раҳимбой. Кори неку кардан аз пур кардан аст. Давом деҳ.

— Не, устоҷон. Ҳоло устогӣ куҷою ман?

— Гапгардониро ёд нагир, — ҳазл намуд усто.— Акнун худат аз ӯҳдаи бисёр кор мебарой. Ғайрат куну ягон хонаи кӯҳнаатонро аз нав соз.

Лекин ба ин фурсат нашуд. Усто Раҷаби дуредгар ба ташкилоти бинокорони шаҳр, ки госстрой меномиданду дар як сарои маҳаллан Дукгарони шаҳр ҷойгир буд, дохил шуд ва дигар ягон рӯзи бекорӣ ба ҷуз рӯзи ҷумъа

пешина
аз 447
навбатӣ