Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ана ин гап ба ман маъқул, — гуфт падар табассумкунон. — Боғбонӣ ҳунари нағз ҳамон вақт, ки боғи худат бошад. Фаразан ба Мирзобаҳодур ягон гап, ё атворамон хуш наомада монад аз ҷӯи қозии нақши пои моро мерӯбонад. Сонӣ, иҷораи ин вақфҳои зормонда сол ба сол зиёд шуда, ба худамон ягон бало ҳам намемонад.
Мон, ки писарат ҳунардор шавад. Дасташ як рост шуда равад, устояш қатӣ ба хонаандозҳо мераваду ин тараф он тарафҳоро дида сонӣ мебинӣ, ки на гирьяи занон ба гӯшаш расидаасту на нолаи мардҳо.

Ҳамин тавр ҳам шуд. Раҳимбои зирак ва хушзеҳн ба устояш маъқул шуд. У аз таҳти дил кор ёд дод ва аз миён ягон сол нагузашта Раҳимбой ба ҳавлиашон тахтаи ош, тахтачаи сабзирезакунӣ, сандалича барои модараш дар сари оташдон, дегро чен карда рафта, сарпӯши нави онро сохта овард ва бо устояш ба иморатсозиҳо рафтан гирифт. Аввалин иморати калоне ки устову шогирд бо дуредгарони дигар сохтанд, ин иморати мактаб дар бозори гӯсфанд буд. Чӯбҳои он аз сафедори беруни девори боғдорён буду хиштасро мардуми маҳаллоти атроф ҳашар карда рехтанд. Ҳашар ҳам карда деворро бардоштанд. Даст ба даст ба болои девор чӯб бароварданд. Рӯзе Раҳимбой аз усто пурсид:
— Усто, ҳашарчиҳо пул мегиранд ё не?
— Маънии ҳашар бепул кор кардан аст, писарам, — ҷавоб дод усто. — Ин кори хайр. Писару духтарҳои худамон мехонанд гуфта одамҳо ҳашар мекунанд.
— Дар байни ҳашарчиҳо оё одамони бефарзанд нестанд?
— Ҳастанд. Пештар савобоб гуфта масҷид меандохтанду акнун мактаб месозанд.
— Ин хел бошад, шумо чаро пул мегиред?
Усто дар ҷавоб оҷизи кашида, мехи дар лаб доштаашро қариб буд афтонад. Вай онро ба даст гирифта хушҳолона табассум намуда, тешаро ба паҳлӯяш гузошта гуфт:
— Якто чилим кашида омада, ба ту ҷавоб медиҳам.
У аз бом фуромаду Раҳимбой нигоҳ карда меистод, ки рафта чилим андохта кашид ва аз ҳамон ҷо бо гӯшаи чашм ба шогирдаш нигоҳ ва табассум намуда, ба назди дуредгари дигар, ки ба лаби ҷӯи калон нишаста, ба ду каф об гирифта менӯшид ва ба рӯи худ мепошид, рафта нишаст. Пас аз фурсате он дуредгар низ ба Раҳимбой

пешина
аз 447
навбатӣ