Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
медаромаданд. Раҳимбой чанд бор дида буд, ки гӯри кофташуда қадди одам чуқур аст ва лаҳади нимторик дорад. Мурдаро мегузоштанду рӯяшро аз кафан берун карда, ба ҷониби қибла — ғарб гардонида мемонанд. Баъд аз пеши лаҳад то боло хишт чида баромада, ба гӯр хок мекашиданд. Ягон кас доман кушода ба назди ҳама мерафт. Ҳар кас як мушт хок ё кулӯхчаеро гирифта, пичиррос зада ба он суф мекарду ба доман меандохт. Хоку кулӯхи ҷамъшударо бурда ба қабр мерехтанд. Албатта ҳамеша касе ба ҳама муроҷиат намуда, номи мурдаро гирифта мепурсид, ки «Фалонӣ чӣ хел одам буданд?» Ҳама баробар: «Худо раҳмат кунад, одами нағз буданд» — мегуфтанд. Пас аз ин як кас зону ба замин таҳ карда, қуръон тиловат мекард. Омин мекарданду кӯрпаю ҷома ё фаранҷиро ба сароҷопӯш печонида, ба тобут мегузоштанду мерафтанд. Баъзеҳо асои худро ба хоки қабр мехалонданд ва баъзе дигарон бо асоҳошон мерафтанд. Азбаски ҳар рӯз дафнкунӣ буд, овози зану духтарони саҳарии рӯзи дуюми дафн ба сари қабромада, навҳаву фиғони онон ба гӯши Раҳимбой мерасад ва аксар вақт алалхусус дар зимистон, ки шабҳояш дароз ва одам аз хоб барвақт сер мешавад, бачаро нолаву фарёд бедор мекард. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Раҳимбой дар бачагӣ қиёфаи малулу маҳзун дошт. Гӯё мусибати мардум дили бачаи ҳассосро об карда буданд. Аз розҳои нуҳуфтан фарзанд беҳтар аз модар кӣ огоҳ мегардад? Боре модар ба падар мегуфт.
— Аз куҷо ҳам падару бобоятон девордармиёнро бо гӯристон хуш кардаанд? Бачаи бечораамро ҳар саҳар гиряяву нола бедор мекунад. Ба рӯяш нигоҳ мекунаму дилам об мешавад. Охир ин бача шуда як бор баланд нахандад, бачаҳои дигар барин аз пагоҳ то бегоҳ бозӣ накунад. Рангакаш надарояд. Ҳамеша маъюсу маътал...
— Бас кун, — ин нағз ки дар паҳлуи гӯристон ҳастию мурдапро фаромӯш намекунӣ.
— Гӯр мурдан шавад, — гуфт модар. — Фаромӯш ку-нед, накунед, рӯз ки буд шуд, омада мебарад. Аммо... Ис-тед, ки дадош, Раҳимбоятон ба дигар корҳо он қадар не-ку дуредгариро нағз мебинад. Ҳар вақт гум кунам, аз ҳавлии ҳамсоямон меёбам, ки чашмашро наканда, кори Раҷаббойро тамошо мекунад. Чӣ мешавад, ки гапзанон кунеду писаратонро ба шогирд гирад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо