Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

аз правленияи колхоз ба Совети ҷамоа рафту омад мекардаасту акнун кормандони комиссариат мехостанд, ки шахсан ба ҷустуҷӯи собиқ фронтчии шайхбурҳонӣ бароянд.

— Мо чунин телеграмма ва баъди он хабарномаи фарахбахш гирифта будем, ки ба рафиқ Раҳимбой Раҳматов бо Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 16 декабри соли 1950 номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст. Албатта, барои қаҳрамониатон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, рухсат диҳед шуморо бори дигар аз ҷону дил муборакбод намоям, — комиссар баъди ҳама дигар бор дасти ӯро сахт фишурд ва ҳамон дам дастфишорие ба ёди Раҳматов расид, ки бештар аз панҷ сол муқаддам дар лаби дарёи Одер шуда буд.

Аз ҷароҳати пои сержант Раҳимбой Раҳматов хуни бисёр шорида ӯро бемадор карда буд. Лекин ӯ овози фармондеҳи батальони худро шунидан замон илоҷе карда аз ҷой бархост. Дард ва сӯзиши ҷароҳатро фурӯ бурда, вазнинии тани беҳолро ба пои сиҳат партофта, дасти ба сӯяш дарозшудаи фармондеҳро гирифт. Ӯ дасти вазнину бемадори ӯро ҳамин тавр сахт фишурд. Дар ин дам инони ихтиёр аз дасти сержант рафта, чашмонаш сиёҳӣ заданд ва ба назараш фармондеҳ чарх зада, сар поёну по боло шуд. Ба гӯшаш чанд ҳарф даромад. Аммо нафаҳмида монд.

Беҳтараш аз як сар нақл кунем.

Аз Чорраҳаи шаҳр ба ҷониби офтоббаро роҳи калони асфалтпӯш ба деҳаи Шайхбурҳон мебарад. Ҳавлии Раҳимбоино дар ҳамин деҳа, дар паҳлуи қабристоне воқеъ буд. Гунбадеро дар ин қабристони калон мазори Қиличбурҳон меноманд. На танҳо аҳли деҳа мурдагони худро ба ин гӯристон меоварданд, балки мардуми маҳаллоти Санҷарон, Арабхона, Исфарагиёни шаҳр низ дар он хокҷои худро доштанд ва қариб рӯзе набуд, ки дар он ҷо мурдае наоваранд. Аз овони ҳанӯз ҳафт-ҳаштсолагӣ Раҳимбой расму оини дафни мусулмониро медонист.
Одатан, пешопеш асо дар даст аз болои ҷомаҳо, хоҳ дар зимистон ва хоҳ дар тобистон, рӯмол баста, наздикон ва хешовандони мурда тез-тез қадам зада меомаданд. Аз қафо тобутбардорон ҳам бо чунин шитоб меомаданд, ки пиронсолон ва одамони камқувват ҳеҷ ба онҳо расида наметавонистанд. Баъд тобутро дар наздикии гӯри кофташуда гузошта, ҷавонон дасту доман барзада ба ғишткашонӣ

пешина
аз 447
навбатӣ