Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ки дар саҳни завод кор мекарданд, дида ҳайрон шуда, шитобон омад. Қоғазе даст ба даст мегашт. Табрику таҳният ба ғулғулае мубаддал шуд ва якбора ҳама «Ҳа! — Ҳа-ҳа!» — гӯён овоз бароварданду як одами тӯлу арздор дар болои издиҳом намоён шудан гирифт. Қоғаз ин дам ба дасти директор афтода буд.

«Ба шумо номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст» навиштаанд ба рӯи қоғаз. «Ҳа, ин худи ӯ. Тааҷҷуб! Як одами фақери ба қавлу гапе ба биниаш пашша шинад, киш намегуфтагӣ, камгап, ҳар чи фармоед, «ба ҷонам» гӯянда қаҳрамон шудааст?... Ин номро ба ҳар кас намедиҳанд. Пас кор нишон додааст. Ба ҷанг ҳам рафтаасту ман аз ин бехабар. Инаш ғалатийе, ки аз тамом шудани ҷанг панҷ сол гузашту акнун хабар додаанд. Директор тозон ба кабинеташ даромаду комиссариати ҳарбии шаҳрро чеғ зада, худи комиссарро ёфт ва тафсили воқеаро пурсид. Дар ҷавоб комиссар хоҳиш кард, ки зуд қаҳрамонро ҳамроҳ гирифта ба паздаҳӣ ояд. Дар дами дар ӯ раиси комитети маҳаллии иттифоқи касабаро дид, ки мужда расонда муждагонӣ гирифтанӣ буд.

— Хабаратон ҳаст, рафиқ директор, ки...
— Раҳимбоимон Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шудааст... — сухани саркардаи раиси иттифоқи касабаро давом дод директор аз бохабарии худ болида.
— Ба куҷо меравед?
— Ба комиссариати ҳарбӣ.
— Ман ҳам равам, майлаш?
— Марҳамат кунед, — директори сахтгир ҳоло абрешимвор мулоим буд. — Марҳамат, охир ба Раҳматов ҳар рӯз номи қаҳрамонӣ намедиҳанд. Лекин як илтимос, шоферро зуд ёбед. Ҳой, рафиқ Раҳматов, зуд бошеду сару либосотонро пӯшед ва ба мошин бароед, ки худи комиссар ба шумо интизор.

Дар ҳақиқат ба Раҳимбой Раҳматов, ки ягон ним соат пеш дар гӯшаи хотираш ҳам набуд ва дар хобаш ҳам ягон бор надид, ки чунин воқеаи бузург дар ҳаё-таш ба вуқъ меояд, нигарон буданд. Бо сардории ко-миссар ҳамаи кормандони идора бо ӯ бағал кушода вохӯрӣ ва муборакбод карданд. Маълум шуд, ки чанд-гоҳ ин тараф ӯро суроғ мекарданд. Дар Шайхбурҳони ягон дараи рақаме надошта магар Раҳим Раҳматовҳо каманд? Хушхабар аз дасти амине, аз деҳкада ба деҳкада,

пешина
аз 447
навбатӣ