Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
гузошт, ки дастгоҳ зудтар ба ҳаракат дарояд, сониян, аз ҳавое ҳар чӣ камтар нафас кашад, ки дар он ҳазорон ғозу тибити аёну ноаёни пахта дар шино буд. Вале дар давоми ҳамин чанд дақиқа ба мӯйлаби гуллии шахтёрона, абрӯи мисли дами корд паҳн ва пурпашм, мижаҳои дароз-дароз ва мӯи аз тӯпрӣ беруни сар ғозҳои бисёри пахта чунон нишаста буданд, ки дуредгарро ба осиёбони ҳозир аз осиё беруномада монанд менамуданд. Раҳматов аз миён рӯмолро кушода сару рӯйро покиза карда, нафасе дар лавҳи рӯи ҳавлӣ нишастан мехост, ки ногоҳ амини маҳаллаи деҳаи Шайхбурҳонро дар даромадгоҳ дида монд. «Вай дар ин ҷо чӣ кор дошта бошад? — аз дил гузаронд ӯ ва чашм нимроғкунон ба рӯи амин нигариста ӯро парешон дарёфт.— Пурсидан даркор. Вай чаро ошуфта менамояд?».
Дуредгар рӯ ба ҷониби дарвоза меомад, ки амин ҳам ӯро дид магар, табассум намуда ба пешвозаш қадам ниҳод.
— Раҳимбой, ба ту даъватнома омада буд, гирифтӣ?
— Чӣ хел даъватнома?
— Ростӣ гап, нигоҳ накардам, ки аз куҷо. Парерӯз ба ҳавлиат бурда додам, оё онро ба ту надоданд?
«Парерӯз ташвиши занам ба худаш мерасид,— қариб буд гуфта монад дуредгар.— Он рӯз вай дарди дуҷониву таваллудро мекашид».
Амин даст дода вохӯрикунон ӯро табрик намуд:
— Дар хонаат меҳмони нав шудааст, гуфтанд. Духтарча? Муборак шавад! Якто хонагӯбак ҳам даркор.
— Саломат бошед.
Амин рафт. Раҳматов ба устохона даромад, лекин дасту дилаш ба кор намерафт. Берун омада ногоҳ овози укаашро шунид, ки аз ҷониби дарвозаи завод тозон меомаду фарёд мезад, ки «Ако, шумо қаҳрамон шудаед!» «Аҷабо! Қаҳрамон шудаед? Ба ман мегӯяд ё ба каси дигар? Дар даст чӣ дорад?» — ба худ савол медод дуредгар, ки бародараш расида омад. Ӯ ҳарсос мезад ва фурсате ёрои сухангӯӣ надошт.
— Акоҷон, муборак! Аз военкомат повестка омадааст. Шумо қаҳрамон шудаед,— мужда расонд бародар ниҳоят.— Ба як дамам тохтам. Мошин поида нашиштам. Ана инро гиред.
Директори завод, ки ин дам аз идора берун омада буд, ба сари бародарон гирд омадани ҳамаи онҳоеро,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо