Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Бобокалонов ин масъаларо то бюрои комитети ноҳиявии партия бурд ва сухани худро гузарону тирамоҳ баъди тамом шудани ғунучини пахта рафту пурсид:
— Ғалберро аз об бардоштед? Хӯш.
— Гуфти шумо шуд, рафиқ Бобокалонов,— забонаш базӯр гашта гуфт раиси колхоз.— Ҳосили ҳамаи ин майдон якуним баробар зиёд шуд. Хайрият, шумо будаеду «не» гуфта нишастед.
Бори худро худ кашидан нест чандон эътибор,
Мард он бошад, ки бори дигаронро ҳам барад
гуфтам ман. Ин ҳикмат ба арбоби давлат, депутати Совети Олии СССР, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ Пӯлод Бобокалонов, ки ҳамеша дар дӯш бори дигаронро ҳам дошт, писанд омад ва хоҳиш намуд, ки ба дафтари хотирааш онро бо дасти худ бинависам.
Аз Пӯлод Бобокалонов шаш фарзанд шуд: Карим Бобокалонов институти педагогикии шаҳри Ленинободро хатм намуд ва ӯ ҳоло муовини вазири маорифи халқии республика аст. Бобоҷон Бобокалонов баъди хатми мактаби миёна солҳои зиёде мошини сабукрави падарашро идора намуд. Ҳозир дар колхози Фрунзеи ноҳияи Хуҷанд устоди ҳамаи шоферони онҷост. Ғайрат Бобокалонов институти хоҷагии қишлокро тамом карда, агроном шуд ва ҳоло котиби ташкилоти партиявӣ, муовини раиси ҳамон колхози Фрунзе аст. Комил Бобокалонов факултети тарҷимонии Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар ташкилотҳои комсомолию партиявӣ кор карда ва ҳозир дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар Москва мехонад. Ду духтари Бобокалонов яке Иноят дар фабрикаи либосдузии шаҳри Ленинобод кор мекунад, дигаре Ҳидоят — дар колхози ба номи Фрунзе.
Дар бораи ин фарзандони чун падар меҳнатдӯсту ватандӯсти Бобокалонов, ки ахлоқи ҳамида доранд, чаро замоне соҳибқаламе ҳиссаи аҷоибе нанависад?
XIV
Дуредгари завод Раҳимбой Раҳматов ҳамин дам аз цехи пахтатозакунӣ баромад. Дар он ҷо аз дастгоҳе як қисми чӯби шикаста буд. Дуредгар чолокона нави онро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо