Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Фарз кардему чунин як навъи пахтаро ихтироъ кунанд, ки як моҳ пеш пазад-чӣ? — пурсидам.

— Қошқӣ ҳамин тавр мешуд, — гуфт раис. — Аммо дар таҷриба мебинем, ки пахтаҳои пешпазак афсӯс, ки кам кӯрак мебанданд, — Бобокалонов ба сари сухани чен-чени заминҳо боз баргашт: — барканда беҳ он дида, ки бадбин бошад. Афсӯс, ки баъзеҳо ба гапи бадбинон бовар мекунанд. Ин қадар одам овора. Вақт беҳуда сарф мешавад. Дили баъзеҳоро аз кор хунук мекунанд. Аммо ман аминам, ки аз ин лӯхтакбозиҳо муроди касе ҳосил намешавад. Ҳосили фаровони мо даҳони онҳоро хоҳад баст. Миш-мишу ғуд-ғуд кардан гиранд.

— Монед, ки гӯянд. Шарманда ман не, худашон мешаванд. Мебахшед ки ман ба колхози «Қизил қаҳрамон» рафта истодаам, — гуфт раис. — Сел анча майдони пахтаашро зер кардааст. Сӣ-чил нафар рафта истодаем, ки ёрӣ диҳем. Имрӯз-пагоҳ сафолаки тағи ниҳолҳо хушк шуда монад, он вақт ниҳолро кирт кардани сафолак мумкин. То ба зону лой бошад ҳам, ниҳолҳоро рост кардан даркор аст. Як рост карда гиранд, лои сел ин поруи маҳаллист. Ҳосил мешавад, ки гиребонатонро қапида мемонед. Дар ёдатон колхози «Правда» ҳаст?

Як баҳор дар вақти ба қадри ангуште баланд шудани ниҳоли пахта борони сел борид. Заминҳои дар тарафи рости дарё будаи колхози «Правда»-ро пахш кард. Сел ба майдони пахта лоёба ва сангрезаи бисёри доманаи кӯҳро оварда, дар аксар ҷой ниҳолро қариб пинҳон карда буд. Раҳбарони колхоз аз пахта умед канда, хостанд ба ҷои вай ҳеҷ набошад мош ё ҷуворимакка коранд. Бо даъвати онҳо комиссияи район омад, ки дар ҳайати он Пӯлод Бобокалонов ҳам буд.

Ҳамаи аъзоёни комиссия ва роҳбарони колхоз як тарафу ин устоди пахта як тараф. Ҳама вайрон кардани майдони пахта, коштани зироати дигарро талаб мекарданду Бобокалонов мегуфт:

— Ниҳолҳои хобидаи пахтаро як-як рост карда монеду нами замин тамоман нагурехтан пеш культивацияю каланд кунед. — Ҳосиле мебардоред, ки ҳеҷ вақт набардоштаед. Чунки хоки омада — хоки бегона асту заминро девбанд мекунад.

пешина
аз 447
навбатӣ