Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
аз пояш кашонда гирифт. — Ин қадар не-не нагӯй. Пагоҳ ба ту мӯза мебиёраму аз они худамро мегирам.
— Одамгарӣ ана ин хел шудааст, — гуфт ҷиддӣ Бобокалонов.
Дар биёбони хушку реги равон
Шалғами пухта беҳ зи нуқраи хом.
Таассуф, баъзе нотавонбинони раис ҳам буданд. Ба ҳосилоти аз ҳама баланди «колхози ӯ» шубҳа пайдо мекунонданд. Мапу Ҳоҷӣ Содиқ як сафар раисро маъюс дида, сабабашро пурсидем.
— Боз омадаанд, ки заминро чен кунанд, лабханд намуд ӯ. — Зери дарахтонро чен карда, гӯё панҷ гектар замини зиёд ёфтаанд. Колхози мо баъзе саркориҳои баднафс ҳам дорад. Нафсро бад мекунанду ба майдони зери дарахтҳо ҳам пахта мекоранд. Аммо ин меҳнати беҳуда. Пахтае ки дар ин сояҳо мерасад, ба ҷомаи план дарбеҳ ҳам шуда наметавонад. Аммо барои бахилон дастаки нав. Бовар надоранд, ки колхози мо аз ҳар гектар ҷил центнер пахта медиҳад. Пахтаро гектар не, бехи пахта медиҳад. Пахтакорони колхози мо шабу рӯз нагуфта меҳнат мекунанд. Обу донашро дар вақташ медиҳанд. Баъзеҳо инро ҳилаю найранг гумон мекунанд. Дар деҳқонӣ ҳилагарӣ кунӣ, фанд мехӯрӣ. Бечиз нест, ки мегӯянд: ду ҳунар — деҳқонӣ ва хондан беҳила аст. Ҳила кунӣ на ҳосил мегирӣ, на дониш, — инро гуфта Бобокалонов ба пеш гузашт, — ин тараф бивед.
Мо аз паси раис ба сари майдони пахта, ки аз идораи колхоз баромадан замон дар дасти рост буд, рафтем. Ӯ қадамашро шумурда то охири ҷӯяк рафт.
— Дар ҳар гектар сад ҳазор бех ниҳол ҳаст. Бе ҳеҷ шакку шубҳа ҳар гектараш чилу панҷ центнер пахта медиҳад, — Бобокалонов куракеро ба байни ангуштҳо гирифта, илова намуд. — Рафту фаразан, тирамоҳ барвақт омад, баъзе куракҳои боло напихта монд, он вақт чил центнер беған ҳаст. Барои ҳамин навъи маҳиипахи пахта тобистон як моҳ ками мекунад. Агар моҳи сентябр ҳам мисли август гарм шавад, дар тамоми колхоз аз ҳар як гектар шаст центнерӣ, бригадаҳои алоҳида то ҳафтод центнер пахта гирифта метавонистанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо